Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

аз мижаҳо ва ду чашми вай берун оянд; ва чун дастҳо бишӯяд, гуноҳон аз дасти вай дур гарданд, то ба ҳадде, ки аз ноҳунони дасти вай берун шаванд; ва чун масҳи сар кунад, сари ӯ аз гуноҳон мубарро гардад, то ба ҳадде, ки аз гӯшҳои вай берун раванд; [ва чун пойҳо бишӯяд, гуноҳон дар пойҳои вай намонанд, то ба ҳадде, ки аз ангуштони пойи вай берун раванд], пас рафтани ӯ ба масҷид ва намози ӯ зиёдат фазилате бувад вайро. Ва ривоят кардаанд, ки «Инна-т-тоҳира ка-с-соим». Ай, соҳиби обдаст ҳамчун рӯзадор бувад.

Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Ман таваззаа фааҳсана-л-вузуа сумма рафаъа тарфаҳу ила-с-самои фақола: ашҳаду ан ло илоҳа илла-л-Лоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу, футиҳат лаҳу абвобу-л-ҷаннати [ас-самонияту] ядхулу мин айюҳо шоа». Ай, ҳар кӣ вузу созад ва дар он шарти эҳсон иқомат намояд, пас чашм ба сӯи осмон бардорад ва шаҳодатайн бар забон ронад, дарҳои [ҳаштгонаи] биҳишт аз барои вай кушода шавад, аз ҳар дар, ки хоҳад дарравад. Ва Умар – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфт: «Обдасти некӯ девро аз ту биронад». Ва Муҷоҳид гуфт: [233] «Ҳар кӣ тавонад, ки хоби ӯ бар таҳорату зикру истиғфор бошад бояд, ки онро ба ҷой орад, чи баъси арвоҳ бар он чиз бошад, ки қабзи ӯ бар он бувад».

КАЙФИЯТИ ҒУСЛ

Бояд, ки ованд бар дасти рост ниҳад, пас тасмия гӯяд¹ ва дастро се бор бишӯяд, пас истинҷо кунад чунон ки гуфтем. Ва агар бар тани ӯ наҷосате бувад, зоил гардонад. Он гоҳ обдасти намоз ба ҷой орад, чунон ки гуфта шудааст, магар шустани қадам, ки онро бозпас дорад. Чи агар бишӯяд, пас бар замин ниҳад навъи тазйиҳе бувад обро.

¹ Тасмия гӯяд – Бисми-л-Лоҳ гӯяд.

пешина
аз 567
навбатӣ