Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
оманно қул лам туъмину валокин қулу асламно»1. Ай, дар зоҳир гардан ниҳодаем. Ва ин ҷо ба имон тасдиқи дилро хостааст ва бас ва ба Ислом инқиёди ҷавореҳро. Ва дар ҳадиси Ҷабраил омадааст, ки чун аз имон пурсиданд, фармуд: «Ан туъмина би-л-Лоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи ва би-л-баъси баъда-л-мавти ва би-л-ҳисоби ва би-л-қадари хайриҳи ва шарриҳи». Ва чун аз Ислом пурсиданд панҷ хислатро ёд кард ва ба лафзи «Ислом» иборат фармуд аз таслими зоҳир ба2 қавлу амал. Ва дар ҳадиси Саъд омадааст, ки Пайғомбар – алайҳи-с-салом – мардеро ато дод ва дигареро надод. Саъд гуфт: «Таракта фулонан ва ҳува муъминун». [199] Пайғомбар гуфт: «Ав муслимун». Саъд он сухан мукаррар кард, Пайғомбар ҳамон ҷавоб одат фармуд.
Мутарҷим мегӯяд: «Ва ин сухан ду маъни эҳтимол дорад: яке он ки ба лафзи «муслим» он хостааст, ки дар зоҳир мустаслим аст. Ва дуввум он ки ӯ аз афозили муъминон нест ва мақоми ӯ бар ту пӯшида аст. Бад-он сабаб вайро дар мақомоти шариф бо эшон мусовӣ медорӣ».
Ва дар ривоят омадааст, ки Пайғомбарро – алайҳи-с-салом – пурсиданд: «Айю-л-аъмоли афзалу? Фақола: «ал-Ислому». Гуфтанд: «Айю-л-Исломи афзалу? Фақол: «ал-Имону». Ва ин далели тадохул аст ва он мувофиқтарин истеъмоле аст муқтазои луғатро, чи Ислом амале аст аз аъмол ва фозилтари ҳамаи амалҳост.
Ва Ислом таслим аст – иммо ба дил, иммо ба забон ва иммо ба ҷавореҳ – ва фозилтари таслимҳо таслими дил аст ва он тасдиқ аст, ки онро имон гӯянд. Ва ин ҳар се итлоқ – ихтилофу тадохул ва [тародуф] – аз тариқи таҷаввузи луғат берун нест.
Аммо ихтилоф аз он рӯй, ки имон иборат бошад аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор