Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
тасдиқи дил бас ва ин мувофиқи муқтазои луғат аст. Ва Ислом иборате аз таслими зоҳир ва ин ҳам луғатро мувофиқ аст, чӣ таслим ба маҳалле аз маҳалҳои таслим таслим бошад. Чӣ шарти ҳусули исм он нест, ки маънии омм бошад дар кулли он маҳалҳо, ки вуҷуди он дар он маънӣ мумкин бувад, чӣ агар касе дигареро ба баъзе аз тан бибисояд, вайро ломис гӯянд, агарчӣ ба ҳамай тан набисуда бошад. Ва таслими зоҳирро, бо он чӣ таслими ботин набошад, Ислом хондан аз мувофиқи луғат берун нест. Ва ояти «Қолати-л-аъробу оманно» ва лафзи Пайғамбар «ав муслимун» дар ҳадиси Саъд бар ин ваҷҳ аст, зеро ки якеро аз дигаре ҷудо кардааст ва ба ихтилоф [тафозул]-и ду мусаммо хостааст.
Ва аммо тадохул гуфта шудааст, ки мувофиқтарин истеъмолест луғатро. Чӣ Ислом иборатест аз таслим ҳам ба дил ва ҳам ба қавл ва ҳам ба амал. Ва имон иборатест аз баъзи он чӣ дар Ислом дохил аст. Ва ба тадохул он мехоҳем. Ва ин мувофиқи луғат аст дар хусуси имон ва умуми Ислом ҳамаро. Ва ҳадиси «Айю-л-Исломи афзалу» бар ин ваҷҳ омадааст бад-он чӣ имонро дар Ислом дохил гардонидааст.
Ва аммо тародуф аз он рӯй бувад, ки Ислом иборате бошад аз таслими ботин ва зоҳир, чӣ кулли он таслим аст. Ва имон ҳамчунин. Ва бар ин ваҷҳ тасарруф дар таъмими имон бошад ва дар овардани зоҳир дар маънии он ва ин ҷоиз аст, чӣ таслими зоҳир ба қавлу амал, самара ва натиҷаи тасдиқи ботин аст. Ва номи дарахт итлоқ кунанд ва бад-он дарахти бо мева хоҳанд [200] бар сабили тасомуҳ. Ва бад-ин қадр таъмими имон муродифи Ислом шавад ва мутобиқи ӯ бе зиёдату нуқсон. Ва ояти: «Фамо ваҷадно фиҳо ғайра байтин мина-л-муслимина» бар ин ваҷҳ омадааст.
Баҳси севвум аз ҳукми шаръӣ
Ислом ва имонро ду ҳукм аст: уҳровӣ ва дунёвӣ. Уҳровӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор