Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Баҳси аввал дар муқтазои луғат

Ва ҳаққ он аст, ки имон иборатест аз тасдиқ. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Ва мо анта бимуъминин лано»1. Ай, ту моро мусаддиқ най. Ва Ислом иборат аст аз гардан ниҳодан ва тан бидодан ва тарки бефармонӣ ва ситеза ва саркашӣ. Ва тасдиқро маҳалле хосс аст ва он дил аст ва забон тарҷумони ӯст.

Ва аммо таслим дар дилу забону ҷавореҳ омм аст. Ва ҳар тасдиқ, ки [дил]-ро ҳаст, гардан ниҳодан аст ва тарки бефармонӣ ва инкор ва ҳамчунин эътирофи забон ва тоати ҷавореҳ. Пас, мӯҷиби луғат он аст2, ки Ислом омм аст ва имон хосс ва чунонастӣ, ки имон ашрафи аҷзои ислом аст, чи ҳар тасдиқ ки ҳаст, таслим аст ва ҳар таслим тасдиқ нест.

Баҳси дуввум аз итлоқи шаръ

Ва ҳаққ дар ӯ он аст, ки шаръ ин ду лафзро ҳам ба тародуф ва таворуд эрод фармудааст ва ҳам ба ихтилоф ва ҳам ба тадохул.

Аммо тародуф. Қавлуҳу таъоло: «Фаахраҷно ман кона фиҳо мина-л-мӯъминин. Фамо ваҷадно фиҳо ғайра байтин мина-л-муслимин»3. Ва ба иттифоқ яке хона беш набуд ва ҳар ду лафз бар он итлоқ фармудааст. Ва ҳамчунин дар ояти дигар: «Ин кунтум омантум би-л-Лоҳи фаъалайҳи таваккалу ин кунтум муслимин»4. Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Буния-л-ислому ало ҳамсин». Ва бори дигар вайро аз имон пурсиданд, ҳам бад-он панҷ хислат, ки дар Ислом ёд карда буд, ҷавоб фармуд.

Ва аммо ихтилоф. Қавлуҳу таъоло: «Қолати-л-аъробу

1 Юсуф, 12:17.
2 Луғат инро эҷоб мекунад.
3 Зориёт, 51: 35-36.
4 Юнус, 10:84.

пешина
аз 567
навбатӣ