Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ФАСЛИ ЧАҲОРУМ
АЗ ҚАВОИДИ АҚОИД
ДАР ИМОН ВА ИСЛОМ
Ва он чи миёни эшон аст аз иттисол ва инфисол ва зиёдату нуқсон, ки бад-он роҳ ёбад ва ваҷҳи истисное дар он ки аз салаф омадааст. Ва дар ин се масъала аст.
МАСЪАЛАИ АВВАЛ
Ихтилоф кардаанд, ки имон айни ислом аст ё ғайри он. [Ва агар ғайри он аст] мунфасил аст аз ӯ, ки бе ӯ мавҷуд шавад ё муртабит бад-ӯ, ки лозими он бошад. Ҷамоате гуфтаанд, ки ҳар ду маъnӣ якест ва тоифае гуфтаанд, ки ду чизи мунфасиланд. Ва баъзе гуфта: ду дизанд, ки яке [аз] он ба дигаре бозбастааст.
Ва Бӯтолиби Маккӣ [198] сухане дар ғояти итноб ва ниҳояти татвил дар ин боб овардааст. Ва мо ба тасреҳ ҳаққро баён кунем бе он ки ба нақли суханони бетаҳсил¹ машғул шавем. Ва гӯем: дар ин боб се баҳс аст: яке аз муқтазои ин [ду] лафз дар луғат ва дуввум аз он ки муроди шаръ аз итлоқи ин ду лафз чӣ чиз аст ва севвум аз он аст, ки ҳукми он дар дунё ва охират чист. Ва баҳси аввал луғавӣ аст ва дуввум тафсирӣ ва севвум фиқҳӣ ва шаръӣ.
__________________ ¹ Суханони бетаҳсил – суханоне, ки маънои муҳассиле надорад, маънои рӯшане аз он ба даст намеояд, мағз ва лубби матлаб аз он ба даст намеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор