Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Асли ҳафтум
Он ки каломи Ӯ, ки ба нафс қоим аст, қадим аст ва ҳамчунин ҳамаи сифоти Ӯ, чи муҳол бошад, ки маҳалли ҳаводис шавад ва дар таҳти тағйир ояд. Бал сифотро аз нуъути қадим воҷиб ояд он чи зотро воҷиб аст. Пас тағйирот [188] бад-Ӯ нарасад ва ҳодисот дар Ӯ ҳулул накунад, бал ҳамеша дар азал ба маҳомиди сифот [мавсуф] будааст ва ҳамеша дар абад ҳамчунон аз тағйири ҳолат муназзаҳ хоҳад буд. Зеро ки маҳалли ҳаводис аз ҳаводис холӣ набушад ва он чи аз ҳаводис холӣ набушад, ҳодис бувад. Ва сифати ҳудус ҷисмҳоро субот нашудааст, магар аз он рӯй, ки дар маърази тағйир ва тақаллуби сифот аст. Пас, холиқи он дар тағйир чӣ гуна бо вай шарик бошад? Ва бар ин маъни мубтанӣ шавад он ки каломи Ӯ қадим аст ва қоим ба зоти Ӯ ва ҳодис нест, магар овозҳо, ки далолаткунанда аст бар он.
Ва чунон ки маъкул аст, ки талаби тааллум ва хости он пеш аз он ки писар офарида шавад, ба зоти падар қоим тавонад буд, то чун писар офарида шуд ва оқил гашт ва Ҳаққ таъоло дар вай илм офарид бад-он чи дар дили падари ӯ буд аз талаб бад-он талаб, ки ба зоти падари ӯ қоим буд ва вуҷуди ӯ то вақти маърифати ӯ доим маъмур шуд, ҳамчунон талабе, ки қавли Ҳаққ таъоло: «Ихлаъ наълайка»2 бар он далолат мекунад, қиёми он ба зоти Борӣ таъоло ва мухотаб шудани Мӯсо бад-он пас аз он ки мавҷуд гашт ва маърифати он талаб ва шунидани он каломи қадим дар вай офарида шуд, тааккул бояд кард.
Асли ҳаштум
Он ки илми Ӯ қадим аст ва ҳамеша олим будааст ба зот ва сифоти Худ ва бад-он чи эҳдос хост кард аз махлу-
1 Борӣ таъоло.
2 Тоҳо, 20:12.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор