Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

қот. Ва чун махлуқот ҳодис шуд, илме бад-он махлуқот дар зоти Вай ҳодис нагашт, бал ба илми азалӣ он махлуқот Вайро мункашиф шуд. Чӣ агар дар мо илме офарида шавад ба қудуми Зайд вақти тулӯи хуршед ва он илм тақдиран доим монад, то хуршед тулӯъ кунад, ҳаройина қудуми Зайд ҳоли тулӯи хуршед моро бад-он илм маълум бошад, бе таҷаддуди илме дигар. Пас, қидами илми Борӣ таъоло бояд ки ҳамчунин мафҳум шавад.

Асли нӯҳум Он ки иродати Ӯ қадим аст. Ва он дар қидам мутааллиқ будааст ба эҳдоси ҳодисот дар вақтҳое, ки лоиқи он аст бар вифқи он ки илми азалӣ бад-он собиқ будааст, чӣ агар ҳодис бошад, зоти Ҳаққ таъоло маҳалли ҳаводис шавад. Ва агар дар ғайри зоти Ӯ ҳодис гардад, муриди бад-он иродат он ғайр бувад, зеро ки ту мутаҳаррик набошӣ ба ҳаракате, ки дар зоти ту набувад. Ва ҳар навъ, ки тақдир кунӣ, ҳудуси он ба иродате дигар мӯҳтоҷ бошад ва он иродат ҳам ба иродати дигар мӯҳтоҷ гардад ва тасалсули номутаноҳӣ шавад. Ва агар раво бошад ки иродат беиродате ҳодис шавад, раво бувад, ки олам беиродате ҳодис гардад.

Асли даҳум
Он ки Ҳаққ таъоло олим ба илм ва ҳай ба ҳаёт ва қодир ба қудрат ва мурид ба иродат ва мутакаллим ба калом ва самеъ ба самъ ва басир ба басар аст. Ва ин авсоф Ӯро аз ин сифоти қадима аст. Ва қавли касе, ки гӯяд «Олим бе илм аст», ҳамчунин бошад, ки гӯяд «Ғанӣ [189] бе мол аст ва илм бе олим ва олим бе маълум», ки илму олиму маълум муталозим аст, чун қатлу қотилу мақтул. Ва чунон

1 Қудум — омадан.
2 Дар нусхаи Маҷлис: Ӯ бад-он иродат мурид набошад.
3 Дар Шарҳи Забидӣ: (ва олим било амал).

пешина
аз 567
навбатӣ