Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
қудрати ҳодиси ман ҳодис мешавад, қадим аст, тамаъ аз ақли вай бибояд бурид ва забонро аз хитоби ӯ боздошт. Ва ҳар кӣ пай наяфтад1, ки қадим он аст, ки пеш аз ӯ чизе набошад ва дар қавли Ҳаққ таъоло2 «Бисми-л-Лоҳ», «син» пас аз «бо» аст, пас «син» мутааххир аст аз «бо», қадим набошад, дилро аз илтифот бад-ӯ муназзах бояд дошт. Чӣ Ҳаққ таъолоро сиррест дар он чӣ баъзе бандагонро дур гардонад. Ва ҳар киро Худой гумроҳ гардонид, ҳеҷ кас ба ҳидоят нарасонад. Ва ҳар кӣ мустабъад шумурд, ки Мӯсо - алайҳи-с-салом - дар дунё сухане шунид, ки овоз [ва ҳарф] набошад, вайро мустанкир бояд шумурд, ки дар охират мавҷуде бинад, ки ҷисму лавн набошад. Ва агар бидонад, ки чизеро бубинад, ки ҷисму лавн ва қадру каммият нест3 ва то ин ғоят ҷуз он надидааст, дар ҳисси шунавой бояд, ки ҳамон донад, ки ҳисси биной донистааст. Ва агар донистааст, ки вайро як илм аст, ки он илм аст ба ҳамаи мавҷудот, пас бояд бидонад, ки зоти вайро як сифат аст ва ӯ калом аст ба кулли он чӣ далел кунад бар ӯ аз иборот.
Ва агар бидонад, ки ҳафт осмон ва биҳишту дӯзах дар вараҳе хурд мактуб бошад ва дар миқдори заррае аз дил маҳфуз ва дар миқдори адасе аз ҳадақаи маръӣ бе он ки зоти осмонҳо ва биҳишту дӯзах дар чашм ва варақ хулул кунад, бояд ки бидонад, ки каломи Ҳаққ таъоло ба забонҳо мақрӯъ бошад ва дар дилҳо маҳфуз ва дар мусҳафҳо мактуб, бе он ки зоти калом дар он хулул кунад. Чӣ агар зоти калом дар он хулул кунад, [бояд ки]4 зоти Ҳаққ ба навиштани номи ӯ дар варақ хулул кунад [ва] зоти оташ ба навиштани номи он ҳам хулул кунад ва варақ сӯхта шавад.
1 Пай наяфтад – фаҳм накунад.
2 Дар «Эҳё»: фи кавлик.
3 Ва ҳол он ки.
4 Дар асл: [ё] агар...[бояд ки]; тибқи матни арабӣ тасҳеҳ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор