Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

РУКНИ ДУВВУМ

ДАР МАЪРИФАТИ СИФОТИ ҲАҚҚ ТАЪОЛО

Ва мадори он бар даҳ асл аст:

Асли аввал

Донистани он ки Сонеъи олам қодир аст ва дар ин чӣ гуфтааст «Ва ҳува ало кулли шайин қадир» содиқ, зеро ки санъати олам муҳкам аст ва ҳилқати Ӯ мураттаб. Ва ҳар кӣ дебое бинад, ки насҷ ва таълифи он дар ғояти ҳусн бошад ва татриз¹ ва татрифи² он дар ниҳояти таносуб, пас таваҳҳум кунад, ки онро мурдае бе иститоат ё мардуме бе қудрат бофтааст, аз ғаризати ақл берун шуда ва дар силки аҳли ҷаҳл даромада бошад.

Асли дуввум

Донистани он ки Ҳаққ таъоло ба ҳамаи мавҷудот олим аст ва ба ҷумлаи маҳлуқот муҳит. Мисқоли заррае дар замину осмон аз илми Ӯ дур нашавад. Ва дар он чӣ гуфтааст «Ва ҳува бикулли шайин алим» содиқ аст ва ба сидқи худ роҳнамоянда бад-ин чӣ гуфтааст*: «Ало яъламу ман халақа ва ҳува-л-латифу-л-хабир»³. Ба халқ бар илм истидлол фармудааст бад-он чӣ туро райбате нест дар он ки хулки латиф васунъи ороста ба тартиб агарчи дар чизе ҳақир [заиф] бошад, далолат кунад бар илми сонеъ ба кайфияти тартиб ва тарсиф⁴. Пас, он чӣ Ҳаққ таъоло ёд кардааст, ниҳоят аст дар ҳидоят ва таъриф.

___________________ ¹ Татриз — нақшу нигор кардани ҷома.
² Татриф — хошия дӯхтан.
³ Мулк, 67:14.
⁴ Тарсиф — нек барҳам ниҳодан, баҳам пайвастан.

пешина
аз 567
навбатӣ