Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Асли севвум

Донистани он ки Ӯ ҳай аст, чӣ ҳар кӣ илм ва қудрати Ӯ собит шуд, ҳаёти Ӯ ба зарурат собит шавад. Ва агар олиме қодир ва фозиле мудаббири беҳаёт сурат бандад, раво, ки дар ҳаёти ҳайвонот дар он ҳол, ки дар ҳаракот ва саканот тараддуд менамоянд, шакк афтад, бал дар ҳаёти аҳли ҳираф ва синоат райбате бошад. Ва ин ғарқа шудан аст дар дарёи ҷаҳл.

Асли чаҳорум

Донистани он ки Ӯ мурид аст афъоли худро ва ҳеҷ мавҷуде нест, ки на истиноди вай ба машияти Ӯст ва судури вай аз иродати Ӯ. Ва Худованди ибдоъ ва иъодакунанда бар муқтазои иродат Ӯст. Ва чӣ гуна мурид набудаш, ки ҳар феъле, ки аз Вай содир шуд, имкон дошт, ки зидди он содир шудӣ? Ва он чӣ зид надорад, ҷоиз буд, ки ҳамон чиз биайнихӣ ё пеш аз он ё пас аз он мавҷуд гаштӣ. Ва нисбати қудрати Ӯ ба аздод ва авқот якест. Пас, чора нест аз иродате, ки қудратро ба яке аз ду мақдур сарф кунад. Ва агар илм аз иродат муғнӣ бошад дар тахсиси маълум, то гуфта шавад, ки он чӣ дар ин вақт мавҷуд шуд, бад-он буд, ки илм ба вуҷуди он дар ин вақт собиқ будааст, раво, ки аз қудрат муғнӣ буд, то гуфта ояд, ки бе қудрат мавҷуд шуд бад-он чӣ илм ба вуҷуди он собиқ буд.

Асли панҷум

[Донистани] он ки Ӯ шунаво ва биност ва он чӣ дар дилу замир афтад ва дар ваҳм ва тафкир ояд, аз биноии Ӯ дур не бошад. Ва овози рафтани мӯрчаи сиёҳ дар шаби торик бар санги лахтак аз шунавоии Ӯ берун нашавад. Ва чӣ гуна шунаво ва бино набошад, ки самъ ва басар ҳаройина камол аст ва нуқс нест. Пас, чӣ гуна махлуқ комилтар аз

пешина
аз 567
навбатӣ