Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ТаърихМаърифат
Аз аввал хонданибдоъ ва мустабид¹ ба эҷоду лахтироъ. Мисл нест Ӯро, ки ширкат ва баробарӣ талабад ва зид нест, ки пайкор ва душманӣ ҷӯяд. Ва бурҳони он қавли Худой таъоло аст: «Лав кона фиҳимо олиҳатун илла-л-Лоҳу лафасадато»². Ва баёни он ин аст, ки агар ду будандӣ ва якеро иродати коре буд, дуввум агар дар мусоадат музтарр шудӣ, мақҳур ва оҷиз будӣ ва илоҳе қодир набудӣ ва агар бар мухолафат ва мудофаат қодир гаштӣ, дуввум қавии қоҳир будӣ ва аввал заифи қосир. Пас илоҳе қодир набудӣ.
¹ Мустабид – мустақил.
² Анбиё, 21:22.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор