Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

шад ё мисли ӯ, ё бузургтар, ё хурдтар ва он муҳол аст ва он чи ба муҳол адо кунанд, муҳол бошад.

Асли нӯҳум Донистани он чи Ҳаққ таъоло, бо он чи муназзаҳ аст аз сувару акдор ва муқаддас аз ҷиҳоту актор, диданӣ аст дар сарои охират бо уюун у абсор, барои қавли Ҳаққ таъоло: «Вуҷуҳун явмаизин назираҳ. Ило Раббиҳо назираҳ»¹. Ва дар дунё дида нашавад, барои тасдиқи қавли Ӯ: «Ло тудрикуҳу-л-абсору ва хува юдрику-л-абсор»². Ва барои қавли Ӯ дар хитоб ба Мӯсо – алайҳи-с-салом: «Лан таронӣ»³. Ва ё лайта бидонаме, ки мӯътазилӣ чӣ гуна бидонист аз сифати Ҳаққ таъоло чизе, ки Мӯсо – алайҳи-с-салом – надонист? Ва нисбати ҷаҳл ба аҳли бидъат ва ҳаво аз ҷоҳилон ва ағбиё⁴ сазовортар аз нисбати он ба анбиё.

Ва аммо ваҷҳи он ки рӯъят бар зоҳир ронда мешавад, он аст, ки муаддӣ нест ба муҳол. Ва рӯъят навъи кашфе ва илмест, илло он аст, ки тамоштар ва возеҳтар аз илм аст. Ва чун тааллуқи илм бад-ӯ раво мебошад ва ӯ дар ҷиҳате на, тааллуқи рӯъят ҳам раво бошад. Ва чунон ки равост, ки Ҳаққ таъоло халқро бубинад ва дар муқобалаи эшон набошад, раво ки халқ Вайро бубинад бемуқобала. Ва чунон ки равост, ки бе кайфияте ва сурате дониста шавад, ҳамчунон раво бошад било кайфияте ва сурате дида ояд.

Асли даҳум
Донистани он ки Ҳаққ таъоло якест ва Ӯро шарик нест, ягона аст ва Ӯро ҳамто нест, мутафаррид аст ба халқу


¹ Қиёмат, 75:22-23.
² Анъом, 6:103.
³ Аъроф, 7:143.
⁴ Ағбиё — куданҳо, нофаҳмҳо.

пешина
аз 567
навбатӣ