Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
раво бошад эътиқоди илоҳияти хуршед ва моҳ ё чизе дигар аз ақсоми аҷсом. Ва агар касе далерӣ намояд бар он ки Борӣ таъолоро ҷисм хонад, бе иродати таълиф аз ҷавоҳир1, дар исм ғалат карда бошад, бо он чӣ дар нафийи маънии ҷисм мусиб бувад.
Асли шашум
Донистани он ки Ҳаққ таъоло аразе қоим ба ҷисм ё ҳолл дар маҳал нест, чӣ араз он аст, ки дар ҷисм ҳолл бо- шад ва ҳар ҷисм, ки ҳаст, [ҳодис] аст ва муҳдиси ӯ пеш аз он мавҷуд будааст.
Пас, чӣ гуна ҷисм ҳолл бошад, ки дар азал танҳо мав- ҷуд буд ва ҷуз Ӯ бо Ӯ набуд, пас он аҷсом ва аърозро эҳдос кард? Ва низ олиму қодир ва муриду холиқ аст, чунон ки баёни он бихоҳад омад. Ва аърозро ин авсоф мустаҳил аст, бал маъқул нест, магар мавҷудеро, ки ба нафси худ қоим бошад ва ба зоти худ мустақил. Ва аз ин аслҳо маълум шуд, ки Ӯ мавҷуде аст қоим ба нафси худ ва ҷавҳар ва араз ва ҷисм нест. Пас ҳеҷ чизеро намонад ва ҳеҷ чизе Вайро намонад, бал ҳаййи қайюм аст ва чизе мисли Ӯ нест. Ва аз куҷо мушобаҳат бувад махлуқро бо холиқи худ ва [макдур- ро бо муқаддири худ ва мусавварро бо мусаввири] худ ва ҳамаи аҷсом ва аъроз аз сунъ ва офариниши Ӯст? Пас, ҳукм бар вай ба мумосалат ва мушобаҳати он муҳол бошад.
Асли ҳафтум
Донистани он ки Борӣ таъоло муназзаҳу-з-зот аст аз маҳсус будан ба ҷиҳот. Зеро ки ҷиҳат ё болост, ё фурӯд, ё рост, ё чап, ё пеш, ё пас. Ва ин ҷиҳатҳо он аст, ки Ҳаққ таъоло офаридааст ва эҳдос карда ба воситаи офаридани мардум, чӣ вайро ду тараф офарид: яке он ки бар замин эътимод кунад ва он пой аст ва дуввум муқобили ӯ ва он
1 Бе он ки таълиф аз ҷавоҳирро дар ӯ мурод гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор