Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

бошад, ҳастии ӯ бо он мутасаввар нашавад ва ба ду асли собиқ – ҳастӣ ва ҳамешагии вай – собит шудааст. Пас, ҳастии ӯ дар қидам бо он чӣ зидди ӯ бо ӯ бувад, чӣ гуна мутасаввар шуд? Ва агар [зидди мӯъдим] ҳодис бошад, муҳол бувад, чӣ ҳодис, дар музодати қадим, то ҳастии ӯро мунқатеъ гардонад, авло нест аз қадим дар музоддати ҳодис, то ҳастии ӯро мундафеъ кунад. Чӣ дафъ аз қатъ осонтар аст ва қадим аз ҳодис қавитар [ва авло аз ҳодис аст].

Асли чаҳорум. Донистани он ки ҷавҳаре мутаҳаййиз нест, бал мутаъолӣ ва мутақаддис аст аз муносабати ҳаййиз. Ва бурҳони ин он аст, ки ҳар ҷавҳар, ки ҳаст, махсус аст ба ҳаййизи худ ва ӯ дар он ё сокин бошад ё мутаҳаррик ва аз ҳаракату сукун, ки ҳодисанд, холӣ набувад. Ва он чӣ аз ҳаводис холӣ набувад, ӯ ҳодис бувад. Ва агар ҷавҳарӣ [183] мутаҳаййизи қадим мутасаввар шавад, ҷавоҳири оламро қадим тасаввур тавон кард. Ва агар касе Борӣ таъолоро ҷавҳар хонад ва бад-он мутаҳаййиз нахоҳад, ӯ ба эътибори лафз мухтӣ бувад, на ба эътибори маъно.

Асли панҷум. Донистани он ки Ҳаққ таъоло ҷисми муаллаф аз ҷавоҳир нест, чӣ ҷисм онро гӯянд, ки аз ҷавоҳир фароҳам омада бошад. Ва чун собит шуд, ки ҷавҳари мутаҳаййиз нест, собит шуд, ки ҷисм нест. Зеро ки ҳар ҷисм, ки ҳаст, мухтасс аст ба ҳаййиз ва мураккаб аз ҷавоҳире ва ҷавоҳире ва холӣ будани ӯ аз иҷтимоъ ва ифтирок ва ҳаракату сукун ва ҳайату миқдор муҳол аст. Ва ин ҳама аломоти ҳудус аст. Ва агар раво бошад, эътиқоди он ки сонеи оламро ҷисм аст,

пешина
аз 567
навбатӣ