Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дигарӣ. Ва муҳол аст, ки ҷуфт бувад, зеро ки ҷуфт ба зиёдӣ яке тоқ шавад ва номутаноҳӣ. Чӣ гуна кам аз ададе дигар бошад ва ба яке мӯҳтоҷ бошад, то баробари ӯ шавад? Ва муҳол аст, ки тоқ бувад, зеро ки тоқ ба зиёдӣ яке ҷуфт шавад ва ҳамон сухан боз ояд. Ва аз ин муқаддимот ҳосил ояд, ки олам аз ҳаводис холӣ нест, пас ӯ ҳам ҳодис бувад. Ва чун ҳудуси ӯ собит шуд, донистани эҳтиёҷи ӯ ба муҳдис зарурӣ бошад.

Асли дуввум Донистани он ки Борӣ таъоло қадим аст, ки ҳамеша будааст ва ҳастии Ӯро аввале нест, бал аввали ҳама чизҳо ва пеш аз ҳама Ӯст. Ва бурҳони он он аст, ки агар ҳодис бошад ва қадим набувад, ба муҳдис мӯҳтоҷ шавад ва муҳдиси Ӯ ба муҳдисе дигар ва мутасалсил шавад - иммо ба бениҳоят ва иммо ба муҳдисе қадим анҷомад, ки ӯ аввал бошад - ва ин он матлуб аст, ки Ӯро сонеъ ва муҳдиси олам мехонем.

Асли севвум Донистани он ки Ҳаққ таъоло бо он чи азалӣ аст, абадӣ аст, ки вуҷуди Ӯро охире нест ва Ӯ аввал асту охир ва ботину зоҳир. Зеро ки он чи қидами ӯ собит шавад, адами ӯ муҳол бошад.

Ва бурҳони ин он аст, ки агар нест шавад, нестии Ӯ ба нафси Ӯ бошад ё ба несткунандае, ки зидди Ӯ бувад. Ва агар раво бошад, ки чизе, ки давоми ӯ мутасаввар бувад ба нафси худ, нест шавад, раво бошад, ки чизе, ки нестии ӯ мутасаввар бувад ба нафси худ, ҳаст шавад. Чи тараёни ҳастӣ чунон ки ба сабабе мӯҳтоҷ аст, тараёни нестӣ ҳам ба сабабе мӯҳтоҷ бувад. Ва ботил аст, ки нестии вай ба несткунандае зидди вай бувад, чи он несткунанда агар қадим

пешина
аз 567
навбатӣ