Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

сар аст. Ва ҷиҳати сарро боло ном бошад ва ҷиҳати пойро фурӯд, то ба ҳадде, ки агар мӯрчае фурӯди пӯиш1 нагусор равад, ҷиҳати боло дар ҳаққи ӯ фурӯд бошад, агарчи дар ҳаққи мо боло бувад. Ва ду даст офарид, яке [дар ағлаб] қавитар аз дигаре ва қавитарро рост ном шуд ва муқобили ӯро чап ва ҷиҳати ҳар дуро ҳамин ду ном муайян гашт. Ва ду ҷониб офарид, аз яке бубинад ва сӯи ӯ ҳаракат кунад, ӯро пеш ном карданд [184]*2 ва муқобили ӯро пас. Ва ин ҷиҳатҳо ба ҳудуси мардум ҳодис шуда. Ва агар бар ин хилқат офарида нашудӣ, бал гирд будӣ чун гӯйе, ин ҷиҳатҳоро албатта ҳастӣ набуд. Пас чӣ гуна дар азал махсус буд ба ҷиҳате ва3 ҷиҳат ҳодис аст? Ва чӣ гуна ба ҷиҳат махсус шуд, пас аз он чи дар ҷиҳат набуд? [Ё бад-он чи оламро дар ҷиҳати забари Худ офарид? Ва мутаолӣ аст аз он чи вайро забаре бошад. Ва забар иборатест аз ҷониби сар ва мутаолӣ аст аз он чи Вайро сар бувад. Ё] бад-он чи оламро дар ҷиҳати зери Худ офарид ва мутаолӣ аст аз он чи Вайро фурӯд бошад, чи мутаолӣ аст аз он чи Вайро пой бувад ва зер иборатест аз ҷониби пой. Ва кулли он дар ақл муҳол аст. Чи маъқул аз махсус будани Ӯ дар ҷиҳат он аст, ки мухтас аст ба ҳаййиз, чунон ки ҷавоҳир4; ё мухтас аст ба ҷавҳар, чунон ки араз5. Ва ҷавҳар ё араз будани Ӯ зоҳир шуд, ки мустаҳил аст, пас мухтас будани Ӯ ба ҷиҳат муҳол бошад. Ва агар ба ҷиҳат ҷуз ин ду маъNӣ хоста шавад, ғалате бошад дар исм, бо он чи дар маъNӣ мусоадат бувад. Ва низ агар фавқи олам бошад, ҳаройина муҳозии ӯ бувад. Ва ҳар чӣ муҳозии ӯ бувад, ё мисли ӯ бошад, ё кам аз ӯ, ё

1 Фӯрӯди пӯишй – зери сақф.
2 Чун сафаҳоти 185 ва 186 акси нусхаи хаттии мӯзеи Биритания афтодааст, ногузир барои такмили он аз акси нусхаи Туркия ва матни арабӣ истифода кардем.
3 Ва ҳол он ки.
4 Чунон ки ҷавҳар мухтас аст ба ҳаййиз.
5 Чунон ки араз мухтас аст ба ҷавҳар.

пешина
аз 567
навбатӣ