Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
дар илму имону тасдиқ ҳамчунин бошад, чи одамӣ ба вуҷуди ишқ ва бемориву марг пеш аз вуқӯи он тасдиқ кунад, валекин таҳаққуқи ӯ бад-он дар ҳоли вуқӯъ комилтар аз таҳаққуқи ӯ бошад пеш аз вуқӯъ. Бал одамиро дар шаҳват ва ишқ ва дигар аҳвол се ҳоли мутафовит ва се идроки мутабойин аст: аввал тасдиқ ба вуҷуди он пеш аз вуқӯъ, дуввум ҳоли вуқӯъ ва севвум пас аз гузаштани он. Чи таҳаққуқи ту ба гуруснагӣ пас аз заволи он, хилофи таҳаққуқи он бошад пеш аз завол.
Пас, ҳамчунин аз илмҳои дин чизе бошад, ки завқ шавад ва камол пазирад. Ва ин чун ботин бошад ба изофати он чи пеш аз он буда бошад. Чи миёни донистани бемор сиҳҳатро ва донистани тандуруст фарқ аст. Ва дар ин чаҳор қисм халқ мутафовит бошад ва дар ҳеҷ қисме аз он ботин муноқизи зоҳир нест, бал мутаммим ва мукаммили он аст, чунон ки мағз пӯстро. Ва-л-Лоҳу аълам.
Қисми панҷум он ки ба забони мақол аз забони ҳол иборат карда шавад. Пас он ки фаҳми ӯ қосир бошад, бар зоҳир биистад ва эътиқоди нутқ кунад ва муҳаққиқи соҳиби басират сирри он донад. Ва ин чунон аст, ки дар зарби масал гӯянд: «Девор меҳро гуфт: «Чаро мешикофӣ маро?» Меҳ гуфт: «Кӯбандаи маро бипурс, чи санге, ки варои ман аст на барои ман аст». Ва ин иборатест аз забони ҳол ба забони мақол.
Ва аз ин қисм аст қавли Ҳаққ таъоло: «Фақола лаҳо ва ли-л-арзи иэтиё тавъан ав карҳан. Қолато: атайно тоиъина»1. Ва дар фаҳми ин сухан балид мӯҳтоҷ шавад [бад-он чи] тақдир кунад, ки ин заминро ҳаёте ва ақле ва фаҳме офарида шавад, то хитобе, ки ба савту ҳарф бошад, бишунавад ва ба савту ба ҳарф ҷавоб боздиҳад ва гӯяд: «Атайно тоиъин». Ва соҳиббасират донад [177], ки он забони ҳол аст ва хабарест аз он чи ӯ ба зарурат мусаххар аст ва музтарр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор