Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
қудрат ҳам аз ин навъ аст. Чӣ зоҳири ӯ мумтанеъ аст бад-он чӣ хитоби «кун» агар пеш аз вуҷуд аст муҳол аст, чӣ маъдум хитобро фаҳм накунад, то имтисол намояд ва агар пас аз вуҷуд аст, аз таквин мустағнӣ бошад. Валекин чун вақъи ин киноят дар тафҳими ниҳояти қудрат бештар бувад, бад-он иборат рафт.
Ва аммо шаръӣ он ки рондани ӯ бар зоҳир мумкин бошад, валекин ривояте ояд, ки мурод аз он ғайри зоҳир аст, чунон ки дар қавли Ҳаққ таъоло: «Анзала мина-с-самои моан фасолат авдиятун биқадариҳо»1. Омадааст, ки мурод аз об Қуръон аст ва аз водиҳо дилҳо. Ва баъзе он бештар эҳтимол кардааст2 ва баъзе камтар ва баъзе ҳеҷ эҳтимол накардааст. Ва каф мисли куфр аст, ки агарчӣ зоҳир шавад ва бар сари об [176] ояд, аммо суботе надорад ва ҳидоят, ки мардумонро суд дорад, собит бошад. Ва дар ин қисм ҷамоате тааммуқ намудаанд ва он чӣ дар охират ворид шудааст аз тарозуву сирот ва ғайри он, ҳамаро таъвил кардаанд. Ва он бидъат аст, чӣ дар он таъвилот ривояте наёмадааст ва рондани он бар зоҳир муҳол нест, пас воҷиб бошад, ки бар зоҳир ронда ояд.
Қисми чаҳорум он ки мардум бар сабили иҷмол чизе дарёбад, пас аз он бар сабили тафсил ба завқу таҳқиқ, бад-он чӣ ба ҳол мулобиси ӯ шавад3. Ва ин ду илм мутафовит бошанд. Ва аввал чун пӯст ва зоҳир бошад ва дуввум чун мағз ва ботин. Ва он чунон бошад, ки дар чашми одаме шахсе дар торикӣ ё аз дур дарояд ва ӯро бад-он навъ илме ҳосил шавад ва чун ин шахсро дар наздикӣ ё пас аз заволи торикӣ бубинад, миёни ҳоли аввал ва ҳоли охир фарқе ёбад ва охир зидди аввал набушад, балки истикмоли ӯ бувад.
1 Раъд, 13:17.
2 Баъзе аз водиҳо бештар аз он насиб баргирифтааст.
3 Дар матни арабӣ: «биан ясира ҳолан мулобисан лаҳу», яъне миёни ҳоли дарёфти иҷмолӣ ва тафсилӣ фарқе ёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор