Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
аст ба мусаххар будан.
Ва аз ин ҷумла аст қавли Ӯ: «Ва ин мин шайин илло юсаббиҳу биҳамдиҳи»¹. Чӣ балид мӯҳтоҷ бошад дар ин ки ҷамодро ҳаёте ва ақле ва нутке ба савту ҳарф тақдир кунад, то «субҳона-л-Лох» бигӯяд, то тасбеҳи Ӯ муҳаққақ шавад. Ва соҳиббасират донад, ки мурод нутқи забон нест, бал мурод мусаббеҳ будан аст ба вуҷуди Ӯ ва муқаддис ба зоти Ӯ ва шоҳид ба ваҳдонияти Ҳаққ таъоло. Чунон ки гуфтаанд:
Ва фи кулли шайин лаҳу оятун,
Тадуллу ало аннаҳу воҳидун.
Чунон ки гӯянд: «Ин санъати муҳкам гувоҳӣ диҳад, ки соҳиби Ӯ нӯкӯтадбир ва комилилм будааст, на бад-он маънист, ки лафзи «ашҳаду» мегӯяд, бал ба зоту ҳол. Пас, ҳамчунин ҳеҷ чиз нест, ки на Ӯ дар нафси худ мӯҳтоҷ аст ба ҳасткунандае, ки ӯро ҳастӣ бахшад ва бақо диҳад ва сифатҳои ӯро доим дорад ва дар атвори Ӯ бигардонад. Пас, Ӯ аз рӯи ҳоҷати худ гувоҳӣ медиҳад ба тақдиси офаридгори худ. Ва шаҳодати Ӯ арбоби басоир донанд, на касоне, ки бар завоҳир бимонанд.
Ва барои он Ҳаққ таъоло гуфт: «Валокин ло яфқаҳуна тасбиҳаҳум»², чӣ кӯтоҳбинон аслан фаҳм накунанд. Ва муқаррабон ва уламои росих агарчӣ фаҳм кунанд, аммо кунҳ ва камоли онро дарнаёбанд, чӣ ҳар чизеро шаҳодат мухталиф аст бар тақдис ва тасбеҳи Ҳаққ таъоло. Пас, ҳар кас бар қадри завқ ва басирати худ дарёбад. Ва шумордани он шаҳодат лоиқи илми муомалат набошад ва ин фанн ҳам аз он аст, ки асҳоби завоҳир ва арбоби басоир дар илми он мутафовит бошанд ва муфорақаи ботин аз завоҳир бад-он пайдо ояд.
¹ Исро, 17:44.
² Исро, 17:44.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор