Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

асоси ҷоҳу молталабии фақеҳони замони худи ӯ бошад.1 Ба ҳар ҳол мо наметавонем таъсири ин гуфтаҳоро нодида гузарем ва дар асоси он метавонем хулоса намоем, ки интиқоди Ғаззолӣ албатта ба олимони асри вай ва ду се қарн пеш аз ӯ низ равона шудаанд, зеро каҷравиҳое, ки дар равиши тадриси фиқҳ ва фақеҳони қарни ӯ пеш омада буданд дар асрҳои аввал ва дуввуми ҳиҷрӣ ҷой надоштанд. Инро мо дар ҷонибдории Ғаззолӣ аз фақеҳони қарни аввал ва дуввуми ҳиҷрӣ, имомони чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат ва ба хусус Имом Шофеӣ, ки бо даврони пеш аз инҳирофоти илми фиқҳ аз хатти машҳии он тааллуқ доранд, бараъло хоҳем дид. Ҳатто Ғаззолӣ дар бисёр ҷойҳои "Китоби илм"-и "Эҳёу улуми-д-дин" таъкид месозад, ки илми фиқҳ бо ғаразҳои фосид олуда шуда, моҳияти аввалии худро аз даст додааст, чунки "дар он ба тахсис тасарруф кардаанд, на ба нақл ва таҳвил. Чӣ онро ба шинохтани фаръҳои (хулосаҳои - А.Ш.) қариб аз фатовӣ донистани дақоиқи илали он ба бисёрии сухан дар он ва ҳифзи қавлҳо, ки бад-он мутааллиқ аст, махсус гардонидаанд. Ва ҳар кӣ тааммуқи ӯ дар он қавитар аст ва машғули ӯ бад-он бештар, ӯро фақеҳтар мегӯянд. Дар асри аввал донистани роҳи охират ва шинохтани офатҳои нуфус ва он чӣ аъмолро табоҳ кунад ва қуввати иҳотат ба ҳақорати дунё ва муболиғат дар чашм доштани неъмати охират ва муставлӣ шудани тарс бар дилро "фиқҳ гуфтанд"2.

Ба андешаи мутафаккир тарки риёкорӣ ва дур сохтани кибру ғурур ва нописандиҳои аҳли ҷомеа на ба воситаи ҳилаҳои фиқҳӣ ва васвасаҳои амалии онҳо, балки танҳо риояи бечуну чарои аҳкоми шаръӣ аз ҷониби тамоми шаҳрвандон ва қабл аз ҳама худи фақеҳону

1 Watt W (A. Muslim Intellectual. Edinburgh. 1971, - C.U5-U6.
2 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Рубъи ибодот. – С. 84.

пешина
аз 567
навбатӣ