Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
соҳибмансабон амалӣ хоҳад шуд.
Ғаззолӣ худ медонист, ки дунявӣ донистани илми фиқҳ сухани сода ва ҳазмнопазире буд, ки он қабл аз ҳама ба муқобили фақеҳони дунёталаб, ҳасуд ва ҳилагар равона шуда буд. Дар ҳеҷ ҳолат онҳо ин мавқеи Ғаззолиро қабул кардан намехостанд, зеро мақому манзалат ва нуфузу эътибори онҳо, ки ҳамеша ба арҷгузорӣ одат карда буданд, зери хатари ҷиддӣ қарор гирифтанд. Бинобар ин, Ғаззолӣ кӯшиш мекард ба мавқеи худ қуввати бурҳонӣ бахшад ва сирри ниёзи уммат ва имоматро ба фиқҳ ва фақеҳон ошкор созад. Бурҳони асосии Ғаззолӣ ин буд: Худованд одамонро дар ин дунё офаридааст, то тӯшае барои ҳаёти охират андузанд. Агар ҳамин одамон дар сулҳу мусолимат, қаноатмандию адолат зиндагӣ намуда, дар ҷомеаи инсонӣ оташи хусумат намеафрӯхтанд, зарурат ба фақеҳон ба вуҷуд намеомад. Лекин шаҳвату ҳасад бар ҷомеаи инсонӣ пирӯз гардида, одамонро ғулому пойбанди худ сохтанд, аз ин рӯ зарурат ба ҳокимону султонҳо пеш омад, то ба воситаи маҳорати сиёсӣ оташи хусумати мардумро хомӯш созанд. Чун ин султонҳо мӯҳтоҷи қонун буданд, ба фақеҳон, ки қонундонон ва омӯзгорони ҳукуматдорон ҳастанд, рӯй оварданд.
Ба қавли Ғаззолӣ фиқҳ ба дин ҳам тааллуқ дорад, вале на мустақиман, балки тавассути дунё. Зеро дунё киштзори охират буда, дин танҳо бо дунё ба итмом намерасад ва мулку дин ҳамзоду ҳамроҳи ҳамидигаранд.
Дар чаҳорчӯбаи қонун салтанату сиёсат ва идора кардану ба тартибу назм даровардан бидуни султону роҳбар ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, фиқҳ вазифадор аст дар асоси қонун даст ба доварӣ занад. Барои мисол чуноне, ки дар байни мардум сиёсат пеш бурдан ҷузъи илмҳои динӣ буда, ба дин мустақиман тааллуқ надоранд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё