Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
лекин барои қонунӣ намудани амри кӯмак мекунад, аз ин рӯ дин ба он устувору пойдор мебошад. Ғаззолӣ ба мақсади шинохту исботи фикри худ мисол меорад, ки бидуни нигаҳбону роҳбалад гузарондани ҳаҷ ғайриимкон аст, чунки посбон ҳоҷиёнро аз роҳзанони араб муҳофизат менамояд. Аммо ҳаҷ гузордан агар як амр бошад, роҳ паймудан ба сӯи Каъба амри дуввум аст ва муҳофизату посбонии корвон, ки ҳаҷгузорон ба он мӯҳтоҷанд, амри севвум аст, донистани одобу қонуни муҳофизат бошад амри чаҳорум маҳсуб мегардад. Дар робита ба ин метавон хулоса намуд, ки вазифаи илми фиқҳ донистани фанҳо ва роҳҳои сиёсату муҳофизат ва таъмини амният мебошад.
Саволе, ки дар баробари ин тасвир аз манзалати фиқҳ ба вуҷуд меояд аз он дарак медиҳад, ки масъала ва моҳияти он барои Ғаззолӣ сад дар сад маълум буд ва ӯ аз он огоҳ буда, ҷавоби мушаххасе низ барои он омода сохтааст. Саволаш ин аст, ки шояд чунин ҳукме дар мавриди баъзе паҳлуҳои масъалаҳои фиқҳӣ ба мисли ҷазо додан қатъӣ бошад, лекин масъалаҳои рӯза, ҳаҷ, закот, ҳалол, ҳаром ва ғайра ҳеҷ дахолате ба масъалаҳои амният ва сиёсат надоранд, аз ин рӯ набояд дар зумраи фанҳои маорифи дунявӣ қарор гиранд. Ба ин проблемаи гузоштаи худ Ғаззолӣ чунин ҷавоб медиҳад, ки масъалаҳои исломро қабул кардан, намоз хондан, закот пардохтан, мубодилоти ҳалолу ҳаром кардан чунин ба назар мерасад, ки динитарин ва маънавитарин амалҳо бошанд, ки фақеҳ дар бораи онҳо сухан мегӯяд. Лекин агар аз нигоҳи илмӣ ошкор созем, ки таваҷҷӯҳи фақеҳ1 ба кадом яке аз паҳлуҳои ин масъала равона гардидааст ва мақсади вай аз ислом овардан ва ё намоз
1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Ҷилди 1, Рубъи аввал. Китоби илм. Боби дуввум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё