Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

гузоштан чист, боқимонда ҳукмҳои фиқҳиро дар муқоиса ба онҳо дарк хоҳем намуд. Ба қавли Ғаззолӣ фақеҳон дар атрофии тамоми масъалаҳои зикргардида ба ҷуз аз дурустии зоҳирии он амалҳо ба ҷанбаҳои дигарашон умуман назар намеандозанд. Ҳамин аст, ки дар чашми фақеҳ ислом овардан фаъолияти забонӣ буда, хусусият ва моҳияти зоҳирӣ дорад ва ба дил ҳеҷ дахле надорад, зеро «дил аз вилояти фақеҳ хориҷ аст». Ҳамин, ки касе изҳори ислом қабул карданро кунад, вале дар дили худ кофир бошад, фақеҳ вайро мусулмон ва пок шуморида, аҳкоми мусулмононро бар вай ҷорӣ мешуморад. Ҳатто касоне, ки аз тарси ҷон зери сояи шамшер барои ҳифзи ҷони худ изҳори қабул кардани исломро мекунанд, фақеҳон чунин одамонро мусулмон ва исломи қабулкардаашонро дуруст мешуморанд.

Ғаззолӣ зикр месозад, ки қабули ислом бо ин роҳ ва чунин исломе дар охират ба кор намеояд ва байни онҳо ва кофарони воқеӣ фарқ нест, лекин фақеҳон дар ин боб сухане намегӯянд ва доварӣ намекунанд. Бо ибораи дигар исломи зоҳирӣ ва зоҳири ислом тавассути фақеҳон баҳо дода мешаванд. Чунин муносибати онҳо ба намоз, ҳалолу ҳаром ва ғайраҳо баръало дида мешавад.

Ба ҳамин тариқ илми фиқҳ аз нигоҳи Ғаззолӣ илми дунявӣ буда, дар канори илмҳое, чун тиб, ситорашиносӣ ва ғайра қарор дорад. Танҳо бо ин тафовут, ки фиқҳ, аввалан, илми хусусияти шаръӣ доштааст, сониян, бар хилофи илми тиб, ки фақат барои беморон зарур аст тамоми соликони тариқати охират ба ин илм эҳтиёҷ доранд ва солисан илме аст, ки ба илми тариқати охират наздикӣ мекунад.

Он чизе, ки Ғаззолиро ба он водор сохт, ки чунин мавқеи сардеро нисбат ба фиқҳ гирад ин адами қобилияту истеъдод дар дарки моҳияти илми фиқҳ ва ё носипосӣ

пешина
аз 567
навбатӣ