Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

шавад»1.

Агар ба тариқи дигар баён созем, Ғаззолӣ илми фиқҳро дар муқобили илми сулук ва тасаввуф индунёӣ шумурда, фақеҳонро зери танқид мегирад. Пеш аз Ғаззолӣ зоҳидон ва суфиён низ ҳанӯз аз охирҳои қарни дуввум ва аввалҳои қарни севвуми ҳиҷрӣ фақеҳони дунёталаб ва олимони сар ба ҳукми ҳокимон супурдаро танқид менамуданд. Зеро, чи тавре ки таърих шаҳодат медиҳад, бо ташаккули созмонҳои гуногуни иҷтимоӣ дар асри хилофати Аббосиён, аз як тараф ва пешрафту такомули илми фиқҳ аз ҷониби дигар, гурӯҳе аз фақеҳон ба мансабу вазифаҳои қозӣ, муфтӣ, муҷтаҳид ва ғайраҳо таъйин мегардиданд. Бар хилофи он ки дар замони халифаҳои рошидин ва Умавиён ба мисли дигар мусулмонон онҳо фақат аз атову бахшишҳои байтулмоли хилофат баҳравар буданд. Лекин дар замони Аббосиён ба мисли аҳли дарбор аз сиёсатбозиҳо ва нопокиҳои корҳои дунявии ҳокимон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, соҳиби қудрат ва имтиёзоти хоссае дар ҷомеа гаштанд. Аз ин рӯ, зоҳидон ва олимони аҳли тасаввуф, ки аз молу мулк ва ҷоҳу мансаб ҳамеша дурӣ меҷӯстанд, ба танқиди муфтиён ва қозиён шурӯъ карда, илмро бидуни сулук ва тазкияи нафс бесамар ва бебунёд медонистанд. Илми фиқҳро низ дар паҳлӯи дигар илмҳо ҳамчун илми дунёӣ шумурда, қозиён, муфтиён ва фатвоҷӯени маснаднишинро олимони дунё ном бурданд.

Асос ва сарчашмаи интиқоди Ғаззолӣ низ аз фиқҳ ва фақеҳони ҷоҳталаб ҳамин гуфтаҳо буданд. Вале як гурӯҳ аз муҳаққиқони Ғаззолӣ, аз он ҷумла Уотт, бар он ақидаанд, ки гӯё ба ин хулоса омадани мутафаккир дар


1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Ҷилди 4, Рубъи чаҳорум. Китоби мурокиба ва муҳосиба. – С. 401

пешина
аз 567
навбатӣ