Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

пайғамбарон ҷуз дар усули дин набошад, чӣ муҷодала дар фурӯъ бо касе, ки усул мусаллам накунад, ваҷҳ надорад.

Ва дар қиссаи Фиръавн гуфт: «Ва мо Раббу-л-оламина» то ин ҷо, ки «ава лав ҷиҳтука бишайин мубин»1.

Мутарҷим мегӯяд, ки ҳосили ин мунозара он аст, ки Фиръавн – лаъанаҳу-л-Лоҳ – Мӯсоро – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – аз моҳият ва кунҳи ҳақиқати Борӣ таъоло [суол кард, ки] махлуқонро маълум набошад. Ва чун Мӯсо ба осору афъол таъриф фармуд, Фиръавн ташнеъ намуд ва гуфт: «Ман аз мо2 мепурсам ва ӯ аз ман3 ҷавоб мегӯяд ва касе, ки миёни мо ва ман фарқ натавонад кард, ӯ девона бошад». Мӯсо фармуд: «Агар шуморо ақл бошад бидонед, ки ҷавоби ман ҳаққ аст, чӣ таърифи чизе, иммо ба аҷзои ӯ бошад ва иммо ба осору афъоли ӯ. Ва таърифи ба аҷзо он чизро тавон кард, ки мураккаб бошад ва он таъриф дар ҳаққи Борӣ таъоло муҳол аст, чӣ вай фарди мутлақ ва воҳиди маҳз аст ва аз таркиб муназзаҳ, пас таърифи вай ҷуз ба осору афъол натавонад буд. Ва ин суолро ҷуз ба ин ҷавоб нест, ки гуфтам» [164].

Ва дар ҷумла, ҳамаи Қуръон – мин аввалиҳӣ ило охириҳӣ – муҷодалаи кофирон аст ва ҳуҷҷат гуфтан бо эшон. Чӣ қариб шашсад оят аст, ки дар аҳком омадааст, пас боқӣ ҳама дар баёни тавҳид ва тақдис ва танзеҳи Борӣ таъоло аст ва исботи ҳашру нашр ва лузуми савоб ва иқоб. Ва он чӣ дар қисас ворид шудааст, ҳам аз барои таъкиди он матлаб аст. Чӣ он ҳақоиқ чун бар тариқи куллӣ баён афтодааст бар сабили ҷузъӣ ҳам ворид шудааст, то авомро ҳам аз он насибе бошад, чӣ эшон куллиётро дарнатавонанд ёфт ва ҷузъиёт дарёбанд бад-он чӣ наздиктар [аст] ба маҳсусот. То ин ҷо сухани мутарҷим аст ва аз ин ҷо ба сиёқи «Эҳёи

1 Шуаро, 26:30.
2 Мо – чӣ, чистӣ.
3 Ман – чӣ касе.

пешина
аз 567
навбатӣ