Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
улум» руҷӯъ афтод.
Ва умдаи [адиллаи] мутакаллимон дар тавҳиди қавли Ҳаққ таъоло аст: «Лав кона фиҳимо олиҳатун илла-л-Лоҳу лафасадато»¹. Ва дар баҳс қавли Ӯ «Кул юҳӣҳа-л-лазӣ ан-шааҳо аввала марратин»². Ва ғайри ин далелҳо.
Ва ҳамеша пайғамбарон бо мункирон ва ҷоҳидон муҷодала фармудандӣ ва ҳуҷҷат гуфтандӣ. Қавлуҳу таъоло: «Ва ҷодилҳум би-л-латӣ ҳия аҳсан»³. Ва саҳоба низ муҷодала кардандӣ, валекин ба вақти ҳоҷат ва дар замони эшон ҳоҷат андак буд.
Ва аввал касе, ки мубтадеонро ба муҷодала даъват кард, то ба ҳаққ бозоянд, Алии Бӯтолиб буд – разия-л-Лоҳу анҳу – ки Ибни Аббосро дар хавориҷ фиристод, то бо эшон мунозара кунад ва ӯ эшонро гуфт: «Бар имоми худ чӣ эътироз доред ва чӣ чиз аз вай нописандида медонед?» Гуфтанд: «Бо ҷамоате қитол фармуд ва барда накард ва ғанимат нагирифт, [агар мусулмон буданд, чаро қитол кард ва агар кофир буданд, чаро барда накард ва ғанимат нагирифт?] Фармуд: «Агар Оиша – ки ба ҳукми насси Қуръон модари шумост – дар саҳми касе аз шумо омадӣ, он чӣ бар мулки худ раво доред, бар вай раво доштед?» Гуфтанд: «Не». Ва бар ин муҷодала ду ҳазор кас ба тоат омаданд.
Ва омадааст, ки Ҳасан бо қадарие мунозара кард ва ӯ аз қадар руҷӯъ намуд. Ва Алии Бӯтолиб бо ҷамоате аз қадариён мунозара фармудааст. Ва Абдуллоҳи Масъуд бо Язиди Умайра дар имон мунозара кард ва гуфт: «Агар бигӯям, ки мӯъминам ҳаройина бибояд гуфт, ки аҳли биҳиштам». Язиди Амира гуфт: «Аз чун ту бузурге ин сухан заллат аст ва имон набошад, магар он ки ба Худой ва фариштагон ва китобҳо ва пайғамбарони Ӯ ва баъсу тарозу бига-
1 Анбиё, 21:22.
2 Ёсин, 36:79.
3 Наҳл, 16:125.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор