Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

та: «Лияҳлика ман ҳалака ан баййинатин»¹. Ва гуфта: «Ҳал индакум мин илмин фатухричуҳу лано»². Ва гуфта: «Ин индакум мин султонин»³. Ай, ҳуҷҷату бурҳон. Ва гуфта: «Кул фали-л-Лохи-л-ҳуҷҷату-л-болиғату»4.

Мутарҷим мегӯяд, ки дар ин оятҳо мутолабаи бурҳон аст ва таълиқи сиҳҳат ва фасоди сухан ба баййина ва [исботи] матлуб ба илми қатъӣ, на ба занн ва тасҳеҳи ҳуҷҷати Илоҳӣ.

Ва гуфта: «Алам тара ила-л-лазӣ хоҷҷа Иброҳима фи Раббихи» то ин ҷо, ки «Фабухита-л-лазӣ кафара»5.

Мутарҷим мегӯяд, ки дар ин эҳтиҷоҷи Иброҳим бо Намруд тақрир фармудааст ва баён карда, ки дар исботи Худой аввал ба ҳаводиси заминӣ тааллуқ сохт ва чун Намруд дар он шубҳате рақиқ илқо кард ба тағйироти осмонӣ, ки аз шубҳат баидтар аст, тамассук намуд. Чӣ зоҳир ва рӯшан буд, ки дар аҷроми фалакӣ вайро ҳеҷ тасарруфе нест. Ва чун маҷол он буд, ки дар он шубҳате эрод кунад, мунқатеъ гашт. Чунон ки Ҳаққ таъоло гуфт: «Фабухита-л-лазӣ кафара».

Ва ҷои дигар эҳтиҷоҷи Иброҳим – алайҳи-с-салом – ва муҷодалаву ифҳоми6 ӯ хасмро дар маърази санои вай ёд кардааст ва фармуда: «Ва тилка ҳуҷҷатуно отайноҳо Иброҳима ало қавмихи»7. Ва дар қиссаи Нӯҳ фармудааст, ки кофирон гуфтаанд: «Ё Нӯҳу ҷодалтано фааксарта ҷидолано»8.

Мутарҷим мегӯяд, ки [аз] ин оят маълум мешавад, ки муҷодалаи Нӯҳ бо кофирон бисёр буд. Ва муҷодалаи

1 Анфол, 8:42.
2 Анъом, 6:148.
3 Юнус, 10:68.
4 Анъом, 6:149.
5 Бақара, 2:258.
6 Ифҳом – хомӯш гардонидани хасм ба ҳуҷҷат.
7 Анъом, 6:83.
8 Ҳуд, 11:32.

пешина
аз 567
навбатӣ