Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Ғаззолӣ ба воситаи ин асари худ кӯшиш менамояд ба фиқҳу калом либоси ирфонӣ пӯшонад. Дар рафти навиштани китобаш, ки мақсади асосии он эҳёи муҷаддади илмҳои динӣ буд, аз шуҳуди қалбӣ мадад меҷӯяд. Вай бо ин роҳи пешгирифtai худ мехост оби зулоли шариатро аз хошоки бидъатҳо, қаҷхониҳо, дағалиҳо пок созад ва қасди ботини шариатро аз зоҳири он ситонда, илми сулуки ботин ва аҳволи дилро аз ситами фиқҳу калом раҳо бахшад. Ғаззолӣ ба воситаи ҳамин китоби худ аҳли ҷомеаи исломиро ба ивази омӯзиши бефоидаи илми калому фиқҳ ба сайри атвори қалбу кашф ва илми тариқи охират даъват менамояд.

Каломи равону дилпазир ва таҳлили амиқе, ки тавассути мутафаккир дар «Эҳёу улуми-д-дин» сурат гирифтааст аз ихлоси бузург ва имони вай ба ислом ва аз таҷрибаи бузурги Ғаззолӣ дар эҳёи илмҳо хабар медиҳад.

Ин мақсаду ҳадафҳои зикр гардида, мутафаккирро водор месозанд даст ба таълифи асари бебаҳои худ занад. Болотар аз ин Ғаззолӣ мушоҳида мекард, ки дар даврони вай аз ворисони ростини пайғамбарон, ба хусус пайғамбари ислом касе боқӣ намондааст ва аксари олимони дин аз роҳи ҳақиқати динӣ инҳироф кардаанд.

Ба қавли худи мутафаккир, ин шайтонзадагон чунон ба мардум вонамуд мекарданд, ки гӯё илм чизе ҷуз фатвои қозиён, ҷадалу мунозира барои кӯфтани хасму суханони зерӯ рӯ шуда ва холию беҷо ва сайди дили оммаҳо чизи дигаре нест. Аммо илме, ки олимони солеҳ ба он пардохта буданд ва Худованд дар Қуръон онро бо номҳои фиқҳ, ҳикмат, илм, зиё, нур, ҳидоят ва рушд хондааст, дар канор мондаанд. Ғаззолӣ дар «Муқаддимаи муаллиф» бар «Эҳёу улуми-д-дин» меорад: «Чӣ роҳбарони охират уламое тавонанд буд, ки варасаи анбиё бошанд ва рӯзгор аз эшон холӣ гаштааст, ва ҷаҳон аз КИСВАТИ илми эшон орӣ монда ва ҷуз мутарассимон намондаанд,

пешина
аз 567
навбатӣ