Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

«Рубъи муҳликот», ба фармудаи Ғаззолӣ «ҳама хӯйҳои накӯҳида (сарзанишӣ), ки Қуръони карим ба изолат (бартараф кардан)-и он ворид аст ва аз он тазкияти нафс ва татҳири дил фармудааст — ва ҳадду ҳақиқати ҳар хӯйе, пас сабаб ва иллат, ки аз он мутаваллид шавад, пас офот, ки бар он мураттаб гардад, пас аломот, ки онро бад-он тавон шинохт, пас тариқи муолиҷат ки бад-он аз он халос битавон ёфт, мақрун (наздик) ба шавоҳиди оёт ва ахбору осор дарҷ гардонем»2.

Ин рубъ низ дарбаргирандаи даҳ китоб мебошад: Китоби шарҳи аҷоиби дил, китоби риёзати нафс, китоби офати шаҳвати шикам ва фарҷ, китоби офати забон, китоби офати хашму кина ва бадхоҳӣ, китоби накӯҳиши дунё, китоби накӯҳиши молу бухл, китоби накӯҳиши ҷоҳу риё, китоби накӯҳиши кибр ва уҷб, китоби [накӯҳиши] ғурур.

Дар қисмат охирини китоб — «Рубъи мунҷиёт» Ғаззолӣ меорад, ки «ҷумлаи хӯйҳои сутуда ва хислатҳои писандида, ки муқаррабон ва сиддиқонро бошад ва банда бад-он дар Ҳазрати Борӣ — субҳонаҳу ва таъоло — дараҷаи қурб ёбад ва ҳадду ҳақиқати ҳар як аз он ва сабабе, ки ҷолиби он бошад ва самарае, ки аз он ҳосил ояд ва аломате, ки бад-он дониста шавад ва фазилате, ки дар вай бад-он рағбат бувад – муаккад ба шавоҳиди шаръ ва ақл – эрод кунам»1.

Ин рубъ низ аз даҳ китоби зерин иборат мебошад: Китоби тавба, китоби сабру шукр, китоби хавфу раҷо, китоби факру зӯҳд, китоби тавҳид ва таваккул, китоби маҳаббат ва шавқу ризо, китоби нияти сидқу ихлос, китоби муроқиба ва муҳосиба, китоби тафаккур, китоби зикри марг ва он чи пас аз он аст.

Номи бахшҳо ва муҳтавою мундариҷоти рубъҳои асосии «Эҳёу улуми-д-дин»-ро, ки дар ин ҷо номбар кардем бо ҳам баробар набуда, «Рубъи ибодот»-и он хурдтарин бахш ва «Рубъи мунҷиёт» бошад бузургтарин бахши он ба шумор меравад ва он якуним баробар зиёд аст.

Новобаста аз мундариҷа ва мӯҳтавои бобҳои ин асари бузург, дар ҳар кадоми он Ғаззолӣ дар ҷустуҷӯи гавҳари шариат аст. Вай ҳамчун фақеҳ ва муҷтаҳиди бузургу усулдони бореъ қабл аз «Эҳёу улум ид - дин» дар китобҳои «ал-Васит», «ал-Ваҷиз» ва «ал-Басит» дар фиқх, дар китобҳои «ал-Мустасфо мин илми-л-усул» ва ғайра дар илми усул масъалаҳои бунёдӣ ва илмҳои фиқҳу усули дини исломро мавриди таҳлил ва баррасии умда қарор додааст. Дар ин осори хеш маломатгариҳое, ки дар ҷомеаи исломӣ боиси беэътиноӣ ба аҳкоми фиқҳӣ ва саркашӣ аз иҷрои амрҳои иллоҳӣ зоҳир мегардид, мавриди инкор ва сарзаниш қарор додааст. Ғаззолӣ тоифаву гурӯҳҳои фиребхӯрда ва гирифтори касалии кибру ғурурро мазамат сохта, дар боби дуввуми китоби «Одоби касб ва маош» доштани илмро дар бахши касб «бар ҳар косибе воҷиб мешуморад».

пешина
аз 567
навбатӣ