Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ки дев бар эшон истило ёфтааст ва рояти ғавояташон истеъло пазируфта ва ҳар як аз эшон ба ҳаззи оҷили худ машъуф аст ва ба наздики вай, маъруф мункар ва мункар маъруф. Ва бад-ин мӯҷиб, илми дин мундарис шудааст ва маъолими яқин мунтамис гашта ва ба халқ чунон намудаанд, ки аксоми илм аз се берун нест:
Яке фатвои аҳком, ки қузот ва ҳуккомро бад-он ҳоҷат бошад, то чун нокасон ва лиом бастаи низоъ ва хисом шаванд ва чун сагон якдигарро хаста кунанд, дафъи мунозаот ва қатъи мухосамоти эшон мумкин гардад;
Ва дуввум ҷадал, ки ҷӯяндаи мубоҳот ва муфохира ва хоҳандаи муғолаба ва мукосара, ба воситаи он хасмро мулзам кунад ва мунозеъро муфҳам гардонад;
Ва севвум саҷъи музахраф ва лафзи мутакаллиф, ки музаккир бад-он авомро битавонад фирефт ва авбошро сайд тавонад кард.
Ва бар ин се фан бад-он иқтисор намудаанд, ки ҷуз ин се фанро доми талаби ҳаром ва шабакаи ҷалби хутом надонистаанд.
Ва илми тариқи охират ва он чӣ салафи солеҳ бар он будаанд ва Ҳаққ – субҳонаҳу ва таъоло – онро дар таҳти назили раҳмонӣ ва маншури осмонӣ «фиқҳу ҳикмат ва илму зиёъ ва нуру ҳидояту рушд» хондааст, дар миёни халқ мадрус ва матвий гаштааст ва аз дилҳои эшон матмус ва мансий монда.
Ва чун ин ҳодиса аҳли динро раҳнае дар ҳисор ва зулмате дар абсор бувад, таҳрири ин китоб ба ҷиҳати дафъи ин қаламкорӣ бас муҳим донистам то улуми дин «эҳё» пазирад ва маноҳиҷи аиммаи гузашта зоҳир шавад ва рӯшан гардад, ки анбиё ва салаф кадом илмҳоро илми нофеъ шумурдаанд».
Барои ба мақсадҳои ниҳоии худ расидан Ғаззолӣ сараввал даст ба тафтиши (ревизияи) илмҳои даврони худ мезанад, ки ин яке аз аввалин тафтишоти илмҳо на танҳо дар таърихи фалсафаи ислом, балки дар таърихи фалсафаи ҷаҳон буд, ки аз ҷониби ин мутафаккири барҷаста анҷом пазируфт. Ба хотири дар чаҳорчӯбаи як механизми дуруст ва мантиқӣ анҷом додани мақсаду ҳадафҳо ва мароми хеш Ғаззолӣ қабл аз ҳама ба тақсимбандии илмҳои даврони худ даст мезанад, то аз нигоҳи интиқодӣ моҳияти аслии онҳоро равшан намояд ва зарур будан ва ё набудани ин илмҳо, инчунин олимони он замонро зикр созад. Дар ин ҷода Ғаззолӣ намунаи комиле аз мардоне аст, ки аз ҳеҷ чиз ва ҳеҷ касе тарсу ҳарос надорад, чунки барои вай воқеияти зиндагӣ ва роҳи ҳаққ аз ҳама боло буда, рисолати дар пешаш қарор дошта ба ӯ водор месохт, то аз кори кардаи хеш дар ин ҷаҳон пушаймону талхком набошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё