Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

лили он. Ва яке аз самароти он қавли Бӯбакр буд – разіял-Лоҳу анҳу – ки чун вайро гуфтанд: «Барои ту табибе наёрем?» Гуфт: «ат-Табибу амразанӣ». Ва қавли дигаре, ки дар беморӣ вайро пурсиданд, ки табиб туро чӣ гуфт дар ин беморӣ, гуфт: «Иннӣ фаъолун лимо уриду». Ва шавоҳиди ин дар «Китоби таваккул» бихоҳад омад, иншоа-л-Лоҳу таъоло.

Ва тавҳид гавҳари азиз аст ва ӯро ду қишр аст. Яке аз лубби он дуртар аз дигарӣ. Ва мардумон лафзи тавҳидро ба қишр ва санъати нигоҳдошти он махсус кардаанд ва лубби онро ба куллӣ бигзошта.

Пас қишри аввал он аст, ки «Ло илоҳа илла-л-Лоҳ» ба забон бигӯй. Ва инро тавҳид хонанд ва муноқизи таслис аст, ки тарсоён бад-он тасреҳ мекунанд, валекин ин аз мунофиқ – ки ботини ӯ ба хилофи зоҳир бошад – ҳам содир шавад.

Қишри дуввум он ки дар дил мухолафате [58] ва инкоре мафҳуми ин қавлро набошад, бал зоҳири дил бар эътиқоди он ва тасдиқ бад-он муштамил бувад ва он тавҳиди авомми халқ аст. Ва мутакаллимон нигоҳдорандагони ин қишранд аз ташвиши мубтадион, чунон ки гуфта шудааст.

Ва севвум ва ӯ лубоб аст, он аст, ки ҳама корҳо аз Ҳаққ таъоло бинад, дидане, ки илтифоти ӯ ба васоит намонад ва бипарастад вайро парастидане, ки бад-он муфрад бошад ва ҷуз Вайро напарастад. Ва пасравии ҳаво аз ин тавҳид берун бошад, чӣ ҳар кӣ пасравии ҳаво кунад, маъбуди ӯ ҳаво бувад. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Афарайта мани-т-таҳаза илоҳаҳу ҳавоҳу»¹. Ва қола – алайҳи-с-салом: «Абғазу илоҳин убида фи-л-арзи инда-л-Лоҳи-л-ҳаво»². Ва ба ҳақиқат ҳар кӣ тааммул кунад, бидонад, ки парастандаи

1 Ҷосия, 45:23.
2 Назди Худой манфуртарин худое, ки дар замин парастида мешавад, ҳавову ҳавас аст.

пешина
аз 567
навбатӣ