Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

бут, бутро намепарастад, ҳавои худро мепарастад, чӣ нафси ӯ моил аст ба дини падарони ӯ. Ва майли нафс ба маълуфот яке аз он маъниҳост, ки ҳаво иборат аст аз он. Ва хашм бар халқ ва илтифот бад-эшон аз ин берун аст, чӣ ҳар кӣ ҳама аз Худой донад, чӣ гуна бар ғайри ӯ хашм кунад? Пас тавҳид иборате бувад аз ин мақом ва он аз мақомоти сиддиқон аст.

ПАС бингар, ки онро ба чӣ чиз бадал кардаанд ва ба кадом қишр қонеъ шуда ва чӣ гуна инро дастовези тамаддуҳ ва тафохур сохтаанд ба чизе, ки номи ӯ сутудааст, бо ифлос аз маъние, ки истеҳқоқи ҳамди ҳақиқӣ бад-он аст. Ва он чун ифлос касест, ки бомдод бархезад ва рӯй ба қибла орад ва гӯяд: «Ваҷҷаҳту ваҷҳия ли-л-лазӣ фатара-с-самовоти ва-л-арз»¹. Ва он аввал дурӯгест, ки бо Ҳаққ таъоло бад-он ибтидо мекунад ҳар рӯз, агар рӯйи дили ӯ ба хусус мутаваҷҷеҳи Ҳаққ таъоло нест. Чӣ агар ӯ [ба рӯй] ин рӯйи зоҳир хостааст, рӯйи ӯ нест магар сӯи Каъба ва онро нагардонидааст магар аз ҷиҳатҳои дигар. Ва Каъба офаринандаи осмону заминро ҷиҳат нест², то мутаваҷҷеҳи Каъба мутаваҷҷеҳи Ӯ бошад, чӣ Ӯ мутаъолӣ аст аз он ки вайро ҷиҳату актор бувад. Ва агар бад-он рӯй дил хостааст – ва ӯ матлуб аст ва мутааббад бад-он – пас чӣ гуна сухани вай рост бошад бо он чӣ дили вай мутараддид бувад дар ҳоҷатҳои дунёвӣ ва мутасарриф дар талаби ҳилатҳо, ки бад-он молу ҷоҳ ҷамъ кунад, бисёр асбоб созад [ва] мутаваҷҷеҳ сӯи он³ ба куллият? Пас кай рӯйи худро ба офаринандаи осмону замин оварда бошад? Ва ин калима хабар аст аз ҳақиқати тавҳид ва муваҳҳид он бошад, ки ҷуз якеро надонад ва рӯйи вай [ҷуз] бад-Ӯ мутаваҷҷеҳ набвад. Ва он фар-

1 Анъом, 6:79.
2 Каъба барои офаринанда... ҷиҳат нест.
3 Асбоб.

пешина
аз 567
навбатӣ