Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ӯро аз зуафо донанд ва аз зумраи уламо нагиранд. Ва он чӣ аз фазоили илм ва уламо омадааст бештари он дар касонест, ки олиманд ба Ҳаққ таъоло ва ба аҳкому афъол ва сифоти Ӯ. Ва имрӯз олим касеро мегӯянд, ки ҳеҷ чиз аз илмҳои шаръӣ надонад, ҷуз расмҳои ҷадалӣ дар масъалаҳои хилофӣ ва бад-он вайро аз фуҳули уламо мешумуранд бо он чӣ дар тафсиру ахбор ва илми мазҳаб ва ҷуз он ҷоҳил мебошад ва ин маъно бисёр касро аз толибони илм ҳалок мекунад.

Лафзи севвум тавҳид аст ва имрӯз онро иборате кардаанд аз санъати калом ва маърифати тариқи муҷодала ва донистани муноқазоти ҳасмон ва тавонистани изҳори фасоҳат ба таксири суолҳо ва ангехтани шубҳатҳо ва фароҳам овардани илзомҳо; то ба ҳадде, ки ҷамоате аз эшон худро аҳли адлу тавҳид лақаб карданд ва мутакаллимонро уламои тавҳид ном шудааст, бо он ки ҳеҷ чизе аз ҷумлаи он чӣ хосияти он синоат аст, дар асри аввал надонистандӣ, бал инкори азим кардандӣ бар он кас, ки дари ҷадал ва миро бигшодӣ.

Ва аммо он чӣ Қуръон бар он муштамил аст аз далелҳои зоҳир, ки дар аввали шунидан ақл онро қабул кунад, ҳамгинонро маълум бувад. Ва кулли илм илми Қуръон будааст ва тавҳид наздики эшон иборате буд аз кори дигар, ки бештари мутакаллимон [онро] пай наафтанд ва агар пай афтанд бад-он муттассиф нашаванд ва ӯ он аст, ки кулли корҳо аз Ҳаққ таъоло донӣ. [Донистӣ], ки илтифот аз асбоб ва васоит бибурад ва хайру шарр набинад, магар аз Ӯ. Ва ин мақоми шариф аст, ки яке аз самароти он таваккул аст, чунон ки баёни он дар «Китоби таваккул» бихоҳад омад. Ва яке аз самароти он гузоштани гилаи халқ аст ва тарки хашм бар эшон ва хушнудӣ ба ҳукми Ҳаққ таъоло ва тас-

1 Миро - ситеза кардан, сатеҳандагӣ.

пешина
аз 567
навбатӣ