Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ранда аз аърози мусулмонон ва аз амволи эшон афиф ва ҳамгинонро носеҳ».
Мусанниф гуфт: «Дар кулли ин хисол, ки Ҳасан баршумурд, «ҳофизи фурӯи фатовӣ» нагуфт. Ва ман намегӯям1, ки фиқҳ фатовии аҳкоми зоҳирро мутановил набвад, валекин вуқӯи ӯ бар он бар сабили умум бувад ва ба тариқи иститбоъ ва итлоқи салаф онро бар илми охират бештар бувад. Ва ин тахсиси фатовӣ бад-он талбис бархост, ки боиси мардумон шуд бар он чи фатовиро мутаҷаррид шуданд ва аз илми охирату аҳкоми дил эъроз намуданд2 ва табъро бар он муин ёфтанд; чи илми ботин ғомиз аст ва амали он душвор ва ҷустани вилояту қазо ва ҷоҳу мол бад-он мутааззир. Ва шайтон ба воситаи он чи фиқҳ номе сутудааст, дар шаръ маҷоле ёфт, ки онро дар дилҳо ширин гардонид.
Лафзи дуввум илм аст ва онро бар маърифати Ҳаққ таъоло ва донистани масуботу укубот ва афъоли Ӯ дар бандагон итлоқ кардандӣ то ба ҳадде, ки чун Умар вафот кард, Абдуллоҳи Масъуд гуфт: «Мота тисъату аъшори-л-илми». Нӯҳ ушри илм намонд. Ва илмро ба «алифу лом» муарраф гардонид, пас онро ба маърифати Ҳаққ таъоло тафсир кард. Ва тасарруфи эшон дар он низ ба тахсис аст, то дар бештар машҳур шудааст ба касе, ки мустақил бошад ба мунозараи хасмон дар фиқҳ ва ғайри он, ва ӯро [олими] ҳақиқӣ мегӯянд [57] ва дар илм аз фуҳул мешумуранд. Ва ҳар кӣ муморасати он надорад ва бад-он машғул нашавад,
1 Бар тибқи нусхаи Маҷлис; дар нусхаи музейи Британия: мегӯям; матни арабӣ ва Шарҳи Забидӣ: ва ласту акул.
2 «Фасора мин ҳоза-т-тахсиси талбис буиса-н-нос ала-т-таҷарруди лаху ва-л-эроз ан илми-л-охира», яъне фиқҳ ба илми фатовӣ (дар умури зоҳирии дунё) ин тахлиту тазвир бархост (пайдо шуд), ки мардумон сирфан ба талаби фатовӣ бархезанд ва рӯй оваранд ва аз илми охират рӯй бигардонанд. (Забидӣ).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо