Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

нақъуда маъа қавмин язкуруна-л-Лоҳа таъоло мин ғудватин ило тулӯи-ш-шамси аҳаббу илайя мин ан аътиқа арбаа риқобин». Ай, ҳамнишини қавме, ки Ҳаққ таъолоро ёд кунанд аз бомдод то баромадани хуршед, аз чаҳор банда озод кардан ба наздики ман дӯсттар. Пас ба Язиди Рақошӣ ва Зиёди Нумайрӣ нигарист ва гуфт: «Лам якун маҷлису-з-зикри мисла маҷлисикум ҳозиҳи яқассу [56] аҳадукум ва яхтубу ало асҳобиҳи ва ясруду-л-ҳадиса сардан иннамо кунно нақъуду фаназкуру-л-имона ва натадаббару-л-Қуръона ва натафаккаҳу фи-д-дини ва наъудду ниама-л-Лоҳи алайно». Ай, маҷлисҳои зикр чун ин маҷлисҳои шумо набуд, ки яке аз шумо қисса мегӯяд ва хитобат мекунад бар ёрон ва сухан пайваста меронад! Моро ҷуз нишастан ва зикри имон ва тадаббури Қуръон ва фиқҳ дар дин ва шумордани неъматҳо - ки Ҳаққ таъоло моро додааст - набудӣ. Тадаббур дар Қуръон ва шумори неъматҳоро фиқҳ хонд. Ва қола – алайҳи-с-салом: «Ло яфқаҳу-л-абду кулла-л-фиқҳи ҳатто ямқута-н-носа фи зоти-л-Лоҳи ва ҳатто яро ли-л-Қуръони вуҷӯҳан касиратан». Фиқҳи банда комил [нашавад], то душманоягии вай мардумонро барои Ҳаққ таъоло набвад ва то Қуръонро ваҷҳҳои бисёр надонад. Ва дар ривояте, ки мавкуф1 аст бар Бӯдардо ин ҳам омадааст: «Сумма юқбилу ало нафсиҳи фаякуна лаҳо ашадду мақтан». Пас рӯй ба нафси худ орад ва онро душмантар дорад.

Ва Фарқади Сабҳӣ аз Ҳасан масъалае пурсид ва ӯ ҷавоб фармуд. Фарқад гуфт: «Фуқаҳо туро хилоф мекунанд». Ҳасан гуфт: «Эй Фурайқид, модарат бефарзанд бод аз ту! Ба чашми худ фақеҳе дидӣ? Фақеҳ набошад магар зоҳид дар дунё ва роғиб дар охират ва бино дар дини худ ва мувозиб дар ибодоти Парвардигор ва парҳезгору даст боздо-

1 Мавкуф – ҳадисе, ки исноди он ба яке аз саҳобаи Паёмбар - салавоту-л-Лоҳ алайҳ - бирасад, аъамм аз ин ки гуфта бошад ё амал карда бошад.

пешина
аз 567
навбатӣ