Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
дар Китобхонаи Маҷлиси Шӯрои Эрон маҳфуз мебошад. Ин бо китоби шашуми «Рубъи мунҷиёт», яъне «Китоби шавку ризо» оғоз мегардад ва дорои қисме аз рубъи чаҳоруми тарҷумаи форсии «Эҳёи улуми-д-дин»
мебошад.
-
Нусхаи дигари Китобхонаи Маҷлиси Шӯрои Эрон, ки дар соли 1972 (1351 ҳ. ш.) харидорӣ гардида буд ва шомили як рубъ, яъне «Рубъи ибодот» мебошад.
-
Нусхаи нафис ва комили «Рубъи муҳликот», ки дар «Дору-л-кутуби-л-қавмия»-и Қоҳира маҳфуз аст.
-
Нусхаи нафис ва комили «Рубъи мунҷиёт», ки
он низ дар «Дору-л-кутуб»-и Қоҳира мебошад.
Ин ду қисми охирини «Эҳёи улуми-д-дин», ки дар Қоҳира мебошанд, дар асари Насрулло Мубашшири Таррозӣ «Феҳристу-л-махтутоти-л-форсия» дохил гардидаанд.
-
Нусхаи Китобхонаи «Авқофи Ҳалаб» ё Китобхонаи «Аҳмадия»-и Ҳалаб. Ин нусха дар «Феҳристи нусхаҳои хаттии форсӣ», ки ҳамчунин таълифи Аҳмади Мунзавӣ муаррифӣ шудааст, иборат аз ду қисми аввали асар, яъне «Рубъи ибодот» ва «Рубъи одот» мебошад.
-
Нусхаи Китобхонаи мадрасаи «Файзия»-и Қуми Эрон. Ин нусха низ ду қисми аввали китобро дар бар гирифтааст ва аз ҷониби донишманди эронӣ Ризо Устодӣ феҳрист гардидааст.
-
Нусхаи Китобхонаи Марказии Донишгоҳи Теҳрон. Нусхаи мазкур иборат аз «Рубъи мунҷиёт» мебошад.
-
Нусхаи Китобхонаи Миллӣ (собиқ подшоҳӣ)-и Афғонистон дар Кобул. Ин нусха дар саҳифаи 15 феҳристи Буркуврӣ бо шумораи 2206 нишон дода шудааст.
Таърихи китобати нусхаи Кобул соли 1124 ҳ. (1745 м.) сабт гардидааст. -
Нусхаи Китобхонаи Донишгоҳи Сулаймонияи Ироқ. Ин нусха соли 928ҳ. (1522м.) китобат шудааст. Доир ба ин нусха ба шакли мухтасар мақолае аз ҷониби Фатҳӣ ал-Раиси Мисрӣ, дар маҷаллаи «Сухан»-и Эрон соли 1975 (1354 ҳ.ш.) таҳти шумораи 11 ва 12 нашр гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё