Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҷавҳари шариати ислом, ки он ҳам убудияти ихлос, эҳсон, шафқат бар халқ, муҷоҳидат бо нафс, қаноат ва тақворо дар бар гирифтааст, ҳеҷ чизе изофа карда натавониста, новобаста аз хоҳиши худ зери таъсири Ғаззолӣ мондааст ва ногузир даст ба таҳаммулпазирӣ задааст.

Дар паҳлуи тафсиру талхиснавиҳо ин асари бебаҳои Ғаззолӣ ба бисёр забонҳои ҷаҳон низ тарҷума гардидааст, ки яке аз аввалин тарҷумаҳои он тарҷума ба забони форсӣ маҳсуб мегардад, ки он дар соли 620 ҳ. (1223 м.) дар шаҳри Деҳлӣ сурат гирифтааст. Ба қавли муҳаққиқи эронӣ Муҷтабо Минуӣ «ин китобро дар соли 620 муқорини истилои муғул бар Эрон донишманде дар Деҳлӣ дар дарбори Шамсиддин Илтутмиш ба номи вазири ӯ Абулмаъолӣ Муҳаммад ибни Фахрулмулк Шарафиддин Абисаъд (ё Абисаид) ал-Ҷунайдӣ ба форсӣ тарҷума кард. Нусхаҳои мутааддиди қадим ва саҳеҳи аз он дар даст аст ва сазовор аст, ки арбоби ҳиммат ва иститоат ба чоп кардани ин тарҷума, агар тамом бошад, ё ба водоштани касе ба тарҷумаи тоза ва комил ва онро чоп ва мунташир кардан миннате ба форсизабонон бигзоранд ва яке аз китобҳои бузурги оламро дар дастраси омма қарор диҳанд»1.

Он донишманде, ки Муҷтабо Минуӣ аз вай ёд набурда, аввалин мутарҷими «Эҳёу-улуми-д-дин» ба форсӣ Муаййиддин Муҳаммад Хоразмӣ мебошад.

Яке аз таҳқиқгарони барҷастаи муосири «Эҳёу-улуми-д-дин» Сайид Ҳусайн Ҳидевҷам дар асоси тарҷумаи Муаййиддин Муҳаммад Хоразмӣ соли 1969 (1348 ҳ. ш.) ба тасҳеҳ ва нашри интиқодии ин асари безаволи Ғаззолӣ даст мезанад. Баъди ёздаҳ сол, яъне дар соли 1980 (1359 ҳ. ш.) чопи интиқодии «Эҳёу-улуми-д-дин» ба

1 Минуӣ Муҷтабо. Ғаззолии Тӯсӣ. Маҷаллаи донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Машҳад. Соли 6 нашр. №2. – С. 282.

пешина
аз 567
навбатӣ