Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

ри номи чаҳор ёри пайғамбар худдорӣ кардааст.

Файзи Кошонӣ дар ин бахшҳо зиёрати имомони исноашариро изофа намуда, вале дар китобҳои узлат, офатҳои забон, дунё, одоби тиловати Қуръон, тавба, сабр, шукр, хавф, аҷоиботи қалб, унс ва ғайра ба ҷуз аз баъзе калимаҳо натавонистааст, тағйироти ҷиддиро ворид созад. Аммо дар ҳар қисмате аз китоби «Эҳёу улуми-д-дин», ки андешаҳои мактаби ашъария ба чашм мерасид, ё ин ки аз фазилатҳои хулафои рошидин ёд мегашт, ё ин ки дар таърифу таҳсини сӯфиён, мазҳабҳои аҳли суннат баён мешуд, инчунин он идеяҳое, ки тазодди эътиқодӣ бо эътиқодоти имония, аз он ҷумла, дар масъалаҳои мабдаъ ва маод доштанд, Файзи Кошонӣ бо Ғаззолӣ ба ҷанг мебарояд ва кӯшиш мекунад андешаҳо ва пояҳои эътиқодии Ғаззолиро зери шакку шубҳа қарор диҳад.

Сарфи назар аз тағйироту иловаҳое, ки Файзи Кошонӣ тавассути зоҳирбиниҳои хеш хостааст моҳияти аслии ҷаҳонбинии Ғаззолиро дар «Эҳёу улуми-д-дин» тағйир дода, ӯро аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат ба мазҳаби исноашария гароёнад ва ба андешаи худи ӯ фатвои Ғаззолиро, ки «бар мазҳаби омма ва қавму гуф- таҳои асҳоби рай такя кардааст, сарфи назар намуда, аз шеваи аҳлу-л-байт ва пайравонаш сухан»1 гӯяд, лекин, мутаассифона, ҳеҷ кори хубу дилкаш ва бузургеро анҷом дода натавонистааст. Қобил ба ёдоварист, ки аз чаҳор се қисми «ал-Маҳаҷҷату-л-байзо» ҳамон «Эҳёу улуми-д-дин» буда, ҳеҷ чизи наве ба он изофа нашудааст. Ин но- тавонии Мулло Мӯҳсин Файзи Кошонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сарфи назар аз ихтилофоти мазҳабӣ, эъти- қодӣ, каломӣ, фиқҳӣ ва ғайра бо Ғаззолӣ дар назди вусъати фикрии вай, дарку таҳлили мантиқии моҳият ва

1 Файз Кошонӣ. ал-Маҳаҷҷату-л-байзо. — Ҷ.1. Китоби асрору-т- таҳорат. - С. 285.

пешина
аз 567
навбатӣ