Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

гуфт: «Раҳмати Худой - азза ва ҷалла - бар падарат бодо, ки ӯ дини худро нек азиз доштӣ».

Ва омадааст, ки вайро такаллуди қазо фармуд, гуфт: «Ман онро нашоям». Гуфтанд: «Чаро?» Фармуд, ки агар рост гуфтам, пас ман онро нашоям ва агар дурӯғ гуфтам, дурӯғзан қазоро нашояд.

Ва аммо илми ӯ ба корҳои охират ва роҳҳои дин ва маърифати ӯ ба Ҳаққ таъоло далели он нек тарсидани ӯст аз Худой - азза ва ҷалла - ва зуҳди ӯ дар дунё. Ибни Чурайҷ гуфт: «Аз ин куфии шумо - Нӯъмони Собит - ба ман чунин расид, ки ӯро аз Ҳаққ таъоло тарси азим аст». Ва Шарики Наҳай гуфт: «Бӯҳанифа бисёрсамт¹, пайвастафикрат ва андаксухан буд». Мусанниф гуфт: «Ин аз зоҳиртарин аломот аст бар илми ботин ва машғулӣ ба муҳиммоти дин, ки ҳар кӣ хомӯшӣ ва зуҳд ёфт, кулли илм ёфт». Ва ин аҳволи аиммаи салоса аст.

Ва аммо Аҳмади Ҳанбал ва Суфён:

Атбои эшон аз атбои ин бузургон камтаранд - ва Суфён камтабаътар аз Аҳмад аст - валекин шӯҳрати эшон ба вараъ ва зуҳд зоҳиртар аст. Ва кулли ин китоб ба ҳикоёти афьол ва ақволи эшон машҳун аст ва ба тафсили он ин ҷо ҳочат нест. Пас, дар сирати ин аимма бингар ва андеша кун, ки ин аҳволу ақвол ва аъмол дар тарқи дунё ва таҷарруд барои Ҳаққ таъоло, самараи таҷарруди илм аст ба фурӯъи фиқҳ, аз «саламу иҷорат» ва «зиҳору лион» ё самараи илме дигар аст аз он олитару шарифтар. Ва бингар, ки инон, ки даъвии иқтидо мекунанд бад-эшон содиқанд дар даъво ё на. Ва-л-Лоҳу-л-муваффику ли-с-савоб. [50]

1 Самт - хомӯшӣ.

пешина
аз 567
навбатӣ