Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

намоз. Ва Ҳаммод ибни Абисулаймон ривоят кард, ки Абӯҳанифа ҳамаи шаб бедор будӣ. Ва ривояти дигар он аст, ки ними шаб бедор будӣ, [рӯзе] дар аснои рафтан шахсе ба вай ишорат кард ва бо дигаре гуфт, ки ин он аст, ки ҳамаи шаб бедор бошад, пас аз он ҳамеша кулли шаб бедор будӣ ва гуфт: «Ман шарм дорам аз Ҳаққ таъоло, ки маро дар бандагии вай сифат кунанд ба чизе, ки дар ман набошад».

Ва аммо зӯҳди ӯ: Рабеи Осим гуфт, ки Язид Умари Хубайра маро бифирстод то Бӯҳанифаро бари ӯ овардам ва хост то хозини байтулмол бошад. Ӯ қабул накард, бад-ин сабаб бист тозиёна вайро бизад. Пас бингар чӣ гуна азобро таҳаммул фармуд ва вилоятро такаффул нанамуд! Ва Ҳаками Ҳишоми [49] Сақафӣ гуфт, ки дар Шом шунидам, ки Бӯҳанифа бузургтарини мардумон буд дар амонат ва султон фармуд, ки мафотеҳи хазоини вай такаллуд намояд ва агар ибо кунад, вайро бизананд. Азоби вай [бар] азоби Ҳаққ таъоло ихтиёр кард. Ва ривоят аст, ки бари Абдуллоҳи Муборак зикри Бӯҳанифа рафт, гуфт: «Мардеро ёд мекунед, ки кулли дунё бар вай арза доштанд, ӯ аз он бигрехт».

Ва Муҳаммади Шуҷоъ ривоят карда аз баъзе ёрони вай, ки Бӯҳанифаро гуфтанд, ки амирулмӯъминин Абӯҷаъфар туро даҳ ҳазор дирам фармудааст, Бӯҳанифа бар он ризо надод. Сипас дар рӯзе, ки таваккӯи овардани мол буд намози бомдод бигузорд ва ҷома дар сар кашид, ҳеҷ сухан нагуфт. Каси ҲАСАНИ Қаҳтаба мол биёвард ва бари вай даррафт, ӯ бо вай ҳеҷ сухан нагуфт. Он кас, ки ҳозир буд, бар сабили тамҳид узр гуфт, ки сухан намегӯяд, магар калимае пас аз калимае, одати ӯ камсуханӣ аст. Пас гуфт: «Ин бадра дар зовияи хона биниҳед». Пас аз он Бӯҳанифа дар матои хона висоят фармуд ва писарро гуфт, ки чун маро вафот бошад ва аз дафни ман фориғ шавед, ин бадра бари Ҳасани Қаҳтаба бар [ва бигӯ], ки ин вадиати ту аст, ки бар Бӯҳанифа буд. Писараш гуфт, ки ман он бикардам. Ҳасан

пешина
аз 567
навбатӣ