Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Пас зуҳди Молик дар дунё бар ин ҷумла буд ва чун ба сабаби иштиҳори илм ва интишори асҳоби вай молҳои бисёр аз атрофи дунё бари вай оварданд, дар вуҷуҳи хайр тафриқа кард. Ва сахои ӯ далели зуҳд ва қиллати дӯстии ӯст дунёро. Ва зуҳд набудани мол нест, балки зуҳд фориғ будани дил аст аз дӯстии мол ва ба ҳамин маъно Сулаймонро – алайҳи-с-салом – дар мулки худ аз зоҳидон шумурдаанд.
Ва далели хории дунё ба назди вай он аст, ки Шофеъӣ гуфт, ки бар дари Молик асбони Хуросон ва устурони Миср дидам, ки хубтар аз он надида будам. Пас вайро гуфтам, ки дар ғояти хубист. Фармуд, ки кулли он бар сабили ҳадия туро додам. Гуфтам: «Яке маркуб аз барои худ нигоҳ дор». Гуфт: «Маро шарм ояд, ки турбатеро, ки мазҷаи Пайғамбар аст ба сумми маркубе биспурам». Пас, дар саховати ӯ бин, ки ба як дафъат кулли он бубахшид ва дар таъзими ӯ хоки Мадинаро.
Ва далели иродати ӯ ризои Ҳаққ таъолоро ба илм ва хордошти дунё он аст, ки гуфт: «Бари Ҳорун Рашид рафтам. Фармуд, ки бари мо ихтилоф бояд кард, то писарони мо аз ту «Муваттаъ» бишнаванд. Гуфтам – аъаза-л-Лоҳу-л-амира – илм аз хонадони шумо фоиз шудааст, агар онро эъзоз фармоед азиз монад ва агар излол кунед, хор шавад. Ва илм бари касе наравад ва ҳамгинон бари илм раванд». Гуфт: «Рост гуфтӣ». Ва писаронро фармуд, ки ба масҷид равед то бо мардумон истимоъ кунед.
Ва аммо Абӯҳанифа – раҳимаҳу-л-Лоҳ ӯ низ обиду зоҳид ва ориф буд ба Худой – азза ва ҷалла – ва хоиф аз вай ва муриди ризои вай ба илм.
Аммо далели он ки обид буд он аст, ки Абдуллоҳи Муборак гуфт, ки Абӯҳанифаро мурувват буд ва бисёрии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо