Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
боби севвум
ДАР ОН ЧИ ОММА ОНРӮ АЗ ИЛМҲОИ СУТУДА ШУМУРАНД ВА НЕСТ
Ва дар ин баён ваҷҳест, ки баъзе аз илмҳо бад-он накӯҳида шавад. Ва баёни табдили номҳои улум ва он илми фиқҳу тавҳид ва тазкиру ҳикмат аст ва баёни миқдоре, ки аз улуми шаръӣ сутуда аст ва миқдоре, ки накӯҳида.
БАЁНИ ИЛЛАТИ НАКӮҲИШИ ИЛМИ НАКӮҲИДА
Шояд, ки гӯйӣ: «Илм донистани моҳияти маълум аст ва он аз сифоти Ҳаққ таъоло аст. Пас, чӣ гуна чизе илм бошад ва бо он [ки илм аст] накӯҳида бувад?» Пас бидон, ки илм барои айни худ накӯҳида набвад ва накӯҳиши ӯ дар ҳаққи бандагон ҷуз ба яке аз се сабаб нест.
Сабаби аввал он ки василати зарар бувад - ё соҳиби илмро ё ғайри ӯро - чунон ки илми ҷодуй ва тилисм накӯҳида шавад ва ӯ ҳақ аст. Чӣ Қуръон бад-он гувоҳӣ додааст ва баён карда, ки ӯ сабаби ҷудоии зан аст аз шӯй. Ва Пайғамбарро ҷодуе карданд ва ӯ бад-он бемор шуд, то он гоҳ, ки Ҷабраил ӯро аз он хабар дод ва ҷодуе аз зери санге, ки дар қаъри чоҳе буд, бароварданд. Ва ӯ навъест, ки маърифати хавосси ҷавоҳир ва корҳои ҳисобӣ дар матолеи ситорагон ҳосил шавад. Ва аз он ҷавоҳир ҳайкале кунанд бар сурати масхур. Ва барои он вақти махсус дар матолеъ тарассуд намоянд ва калимоти куфр ва фаҳши мухолифи шаръ пайвастан он бигӯянд ва он калимотро василати ёрии
1 Он накӯҳиш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо