Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
таъоло эътироф аст ба аҷз аз маърифати Вай. Ва баъзе дар маърифати Вай даъвиҳои бузург мекунанд ва баъзе мегӯянд, ки ҳадди маърифати Вай ҳамон аст, ки эътиқоди кулли авом бад-он расида ва он он аст, ки Ӯ мавҷудест олим, қодир, самеъ, басир, мутакаллим.
Пас, мо ба илми мукошафа он мехоҳем, ки парда бархезад, то ҳаққи сареҳ дар ин корҳо рӯшан шавад, рӯшан шудане, ки чун муояна бувад, ки дар он ҳеҷ шак намонад. Ва ин дар гавҳари мардум мумкин аст агар на онастӣ, ки бар оинаи дил занги палидиҳои дунё барҳам нишастааст. Ва маънии илми охират илм аст ба кайфияти зудудани ин оина аз ин палидиҳо, ки ҳиҷоб аст аз Ҳаққ таъоло [36] аз донистани сифот ва афъоли вай ва покиза кардан ва софӣ гардонидани он ба боз будан аз шаҳавот бошад ва иқтидо ба пайғамбарон дар кулли аҳвол.
Пас бар андозаи он чи ҳиҷоб аз дил боз шавад ва дил дар баробари Ҳаққ бувад, ҳақиқатҳо дар вай бидирахшад. Ва ҳеҷ роҳе нест бад-ин магар риёзат – ки тафсили он ба ҷойгоҳ бихоҳад омад – ва магар тааллум.
Ва ин он илмҳост, ки дар кутуб нанависанд. Ва касе, ки Ҳаққ таъоло вайро он неъмат диҳад нагӯяд, аз он магар бар аҳли он. Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфтааст: «Инна мина-л-илми каҳайяти-л-макнуни ло яъламуҳу илло аҳлу-л-маърифати би-л-Лоҳи фаизо натаку биҳи лам яҷҳалҳу илло аҳлу-л-игтирори би-л-Лоҳи, фало туҳаққиру олиман отоҳу-л-Лоҳу таъоло илман фаинна-л-Лоҳа лам юҳаққирҳу из отоҳу-[л-илма]». Ай, ҳаройина баъзе аз илмҳо чун чизи пӯшида аст, ки ҷуз аҳли маърифат онро надонанд ва чун онро бигӯянд, ҷуз фирефтагон ба Худой – азза ва ҷалла – онро мункир нашаванд, пас олимеро, ки Ҳаққ таъоло илме ба вай додааст ҳақир мадоред, ки Ҳаққ таъоло вайро ҳақир надоштааст, чун илм ба вай додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё