Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва аммо қисми дуввум ва он илми муомалот аст. [Ва он] илми аҳволи дил аст.

Аммо он чи аз он сутуда аст: чун сабру шукр ва хавфу раҷо ва ризою зуҳд ва тақвою қаноат ва саховату миннат мар Худойро таъоло донистан дар ҳама аҳвол ва некӯ кардан ва накӯномӣ ва накӯхӯй ва накӯ зиндагонӣ кардан ва сидқу [ихлос]. Пас, маърифати ҳакоиқи ин аҳвол ва ҳаддҳои он ва сабабҳо, ки онро бад-он касб тавон кард ва самароту аломоти он ва илоҷи он чи аз он заиф бошад то қавӣ шавад, он чи зоил бувад то боз ояд, аз илми охират аст.

Ва аммо он чи накӯҳида аст: бими дарвешӣ аст ва хашм аз мақдур1 ва ғишшу ғилл ва ҳасаду ҳиқд ва талаби рифъату дӯстии сано ва дӯстии умри дароз дар дунё барои таматтӯъ ва кибру риё ва хашму нанг ва адовату буғз ва тамау бухлу рағбат ва гарданкашию анбордагӣ ва бузургдошти тавонгарому хордошти дарвешон ва фахру хиромиш ва мунофасаю мубоҳот ва гарданкашӣ аз ҳаққ ва хавз дар мо ло яънӣ ва дӯстии бисёргӯйӣ ва лофи ворастагӣ барои халқ ва мудоҳанату учбу аз айби худ ғофил шудан ва ба айби мардумон машғул будан ва зоил шудани ғаму берун шудани тарс аз дил ва қувват дар инсоф истодан2 барои нафси худ чун хорие ба вай расад ва заъф дар инсоф истодан барои ҳаққ ва дӯстӣ дар зоҳир бо душманоягии ботин ва амн аз макри Ҳаққ таъоло, ки он чи додааст боз настонад ва такя бар тоат ва макру хиёнату фиребаш ва дарозии умед ва сахтии дилу дуруштии хӯй ва шодӣ ба дунё ва ғам аз фавти [37] он ва унс ба махлуқот ва ваҳшат аз фироқи эшон ва ҷафою сабуксорию шитобзадагӣ ва андакии шарм ва андакии раҳмат.

Пас ин ва амсоли ин аз сифоти дил аслҳои фавоҳиш3

1 Макдур — муқаддар, тақдир.
2 Истадан — ситондан, гирифтан.
3 Фавоҳиш — ҷамъи фоҳиша, гуноҳони зишт.

пешина
аз 567
навбатӣ