Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

муҷмали норӯшан таваҳҳум карда, то ба ҳадде, ки ҳосил шавад вайро маърифати ҳақиқӣ ба зоти Ҳаққ таъоло ва сифоти томмот ва афъоли Ӯ ва ҳикмати Ӯ дар офаридани охирату дунё ва ваҷҳи мураттаб гардонидани охирату дунё, маърифати пайғомбарию пайғомбар ва маърифати фариштагону девон ва кайфияти душман доштани дев одамиро ва кайфияти зоҳир шудани фаришта бар пайғомбарон ва кайфияти расидани ваҳй бад-эшон ва шинохтани малакути осмону замин ва шинохтани дил ва барҳам задани лашкарҳои фариштагону девон ва донистани фарқ миёни илҳоми фаришта ва васвасаи дев ва маърифати охират ва биҳишту дӯзах ва азоби гӯру сирот ва тарозу ва маънии қавли Ҳаққ таъоло: «Кафо бинафсика-л-явма алайка ҳасибан»2. Ва қавли Ӯ таъоло: «Ва инна-д-дора-л-охирата лаҳия-л-ҳаяво-ну лав кону яъламун»3. Ва маънои лиқои Ҳаққ таъоло ва дидани ваҷҳи карими Вай ва маънии наздикӣ бад-Ӯ ва нузул дар ҷавори Ӯ ва маънии ҳосил шудани некбахтӣ ба мурофақати малаи аъло ва муқорабати фариштагони муқарраб ва пайғомбарон, ва маънии тавофути дараҷоти биҳиштиён то ба ҳадде, ки баъзе мар баъзеро чунон бинанд, ки ситораи рӯшанро аз осмон ва чизҳои дигар, ки тафсили он дароз аст. Чи мардумонро дар маъонии ин корҳо, пас аз он чи усули онро тасдиқ кардаанд, мақомот аст.

Раъйи тоифае он аст, ки ҷумла чизҳо мисолҳост ва он чи Ҳаққ таъоло [мар] бандагони солеҳи худро сохтааст, чизест, ки ҳеҷ чашм надидааст ва ҳеҷ гӯш нашунида ва дар ҳеҷ хотир нагашта, ва бо халқ аз биҳишт чизе нест магар номҳо ва сифатҳо. Ва [раъйи] ҷамоате он ки баъзе аз он мисолҳост ва баъзе мувофиқи он ҳақоиқ аст, ки аз алфоз мафҳум аст. Ва раъйи гурӯҳе он ки ғояти маърифати Ҳаққ

пешина
аз 567
навбатӣ