Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
тафовут аст ба хилофи тибб, ки он аз илми шаръ нест.
Дуввум он ки ҳеҷ кас аз соликони роҳи охират албатта аз он бениёз нест – на тандуруст ва на бемор – ва ба тибб ҷуз беморонро ҳоҷат набвад ва эшон каманд.
Севвум он ки фиқҳ муҷовири илми охират аст бад-он чи ӯ назарест дар корҳои ҷавореҳ. Ва ин корҳо аз сифоти дил зояд: корҳои сутуда аз сифоти сутудаи дил – ки раҳоянда аст дар охират – ва корҳои накӯҳида аз сифоти накӯҳида ва пӯшида нест иттисоли ҷавореҳ ба дил.
Ва аммо тандурустӣ ва беморӣ аз сифоти мизоҷ ва ахлоти зойид ва он аз сифоти тан аст, на аз сифоти дил. Пас, ҳар гоҳ ки фиқҳро ба тибб изофат кунӣ, шарафи фиқҳ зоҳир шавад. Ва чун илми охиратро ба фиқҳ изофат кунӣ, шарафи илми охират рӯшан гардад.
Суол: Пас, агар гӯйӣ: «Илми охиратро тафсил кун, ки ба авоил ва мафотеҳи он ишорат кунад, агарчи истиқсои тафосили он мумкин нашавад».
Ҷавоб: Пас бидон, ки илми охират ду қисм аст: илми мукошафа ва муомала.
Қисми аввал илми мукошафа ва он илми ботин аст ва он ғояти улум аст. Ва яке аз орифон гуфтааст, ки ҳар кӣ аз ин илм насибе надорад, аз бадии хотимати вай битарсам. Ва камтарин насибе аз он тасдиқи он бошад ва таслими он мар аҳли онро. Ва дигаре гуфтааст, ки ҳар кӣ ду хислат дорад – яке кибр ва дуввум бидъат – чизе аз ин илм бар вай кушода нашавад.
Ва гуфтаанд: ҳар кӣ дунёдӯст бувад ва бар ҳаво [35] мусирр, ба ҳақиқати ин илм нарасад ва раво ки дар дигар илмҳо муҳаққиқ шавад ва камтар укубате мункири онро он аст, ки аз он маҳрум бувад. Ва ӯ илми сиддиқон ва муқаррабон аст ва иборат аст аз нуре, ки дар дил пайдо ояд, чун аз сифоти накӯҳида пок шавад ва бад-он нур рӯшан гардад корҳое, ки номҳои он шунида бошад ва онро маъниҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё