Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

бобе аз илм талабад, вайро он ридо пӯшонад; пас, агар гуноҳе кунад аз вай оштӣ хоҳад ва агар гуноҳро дуввум ва севвум бор иртикоб намояд, дар оштӣ хостан дуввум ва севвум бор муовадат фармояд ва агарчи он иртикоб то ба вақти марг татовул пазирад1.

Ва Аҳнаф гуфт: «Наздик аст, ки уламо арбоби халқ бошанд. Ва ҳар иззате, ки ба илм муаккад нашавад, оқибат руҷӯи он мазаллат бувад».

Ва Солим ибни Абилҷаъд гуфт: «Хоҷаи ман маро ба сесад дирам бихарид ва озод кард. Ман андешидам, ки ба ҳирфате машғул бояд шуд. Табъ бар он қарор гирифт, ки ба илм машғул шудам. Ва як сол бар ин нагузашт, ки амири Мадина ба зиёрати ман омад, дастуре2 надодам, ки дарояд».

Ва Зубайри Бакр гуфт, ки падарам ба ман номае навишт дар Ироқ, ки ба таҳсили илм машғул бояд шуд, ки илм дар ҳоли дарвешӣ моле бошад ва дар ҳоли тавонгарӣ ҷамоле. Ва ин маъно дар васоёи Луқмон - ки писарро фармудааст - ҳам ҳикоят кардаанд. Ва низ гуфтааст: «Эй писар, бо уламо муҷоласат кун ва дар пеши эшон ба зону нишастан музоҳамат намой, ки Ҳаққ таъоло дилҳоро ба нури ҳикмат ҳамчунон зинда гардонад, ки заминро ба борони бузургқатра».

Ва баъзе ҳукамо гуфтанд: «Чун олим ба охират интиқол кунад, моҳиён дар об ва мургон дар ҳаво бар ӯ бигиранд. Ва агарчи рӯи ӯ аз чашмҳо мафкуд шавад, аммо зикри ӯ аз дилҳо мадрус нагардад».

Ва Зуҳрӣ гуфт: «Илм аз фуҳули корҳост ва ҷуз фуҳули мардон онро дӯст надоранд».

1 Татовул пазирад - идома ёбад, ба дарозо кашад.
2 Дастурӣ - рухсат, иҷоза.

пешина
аз 567
навбатӣ