Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
[ФАЗИЛАТИ ТААЛЛУМ]
Оёт. Қавлуҳу таъоло: «Фалав ло нафара мин кулли фирқатин минҳум тоифатун лиятафакқаҳу фи-д-дин»1. Дар ин оят тахризест ба сафар ба ҷиҳати талаби илм.
Ва қавлуҳу таъоло: «Фасъалу аҳла-з-зикри ин кунтум ло таъламуна»2. Дар ин оят эҷоби суол аст [бар] касоне, ки надонанд, аз аҳли илм.
Ахбор. Қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Ман салака тариқан ятлубу фиҳи илман салака-л-Лоҳу биҳи тариқан ила-л-ҷаннати». Ай, ҳар кӣ солики роҳе шавад, ки дар он илм талабад, Ҳаққ таъоло вайро солики роҳи биҳишт гардонад.
Қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Инна-л-малоиката латазаъу аҷниҳатаҳо литолиби-л-илми ризан бимо яснаъу». Ай, фариштагон пар биниҳанд барои толиби илм ба сабаби розӣ будан ба кори эшон.
Мутарҷим мегӯяд: ниҳодани пар иборатест аз тавозӯъ ва бар қавли дигар аз саъй намудан дар итмоми маориб ва таҳсили матолиб.
Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Лиан тағдув фататаъаллама бобан мина-л-илми хайрун мин ан тусалли миата рақъатин». Ай, бомдод кардан [15] ва як боб аз илм омӯхтан беҳ аз сад рақъат гузоридан.
Қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Бобунам мина-л-илми ятаъалламуҳу-р-раҷулу хайрун лаҳу мина-д-дунё». Ай, як боб аз илм омӯхтан мардумонро беҳ аз дунё.
Қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Талабу-л-илми фаризатун ало кулли муслимин». Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Утлубу-л-илма валав би-с-Син».
Мутарҷим мегӯяд: дар ин ҳар ду чиз тасреҳ аст [бар]
1 Тавба, 9:122.
2 Анбиё, 21:7.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё