Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

он аст. Ва бад-он Худой, ки нафси ман дар қабзаи қудрати Ӯст, ки шуҳадои роҳи Худой орзу баранд, ки Ҳаққ таъоло эшонро (чун) уламо барангезад ба сабаби каромате, ки эшонро бинанд. Ва касе олим назодааст ва илм ба тааллум аст».

Ва Ибни Аббос гуфт: «Музокароти илм дар баъзе аз шаб ба наздики ман дӯстар аз тамоми шаб дар ибодот будан». Ва аз Абӯҳурайра ва Аҳмади Ҳанбал ҳамчунин омадааст.

Ва Ҳасанӣ гуфт: «Дар тафсири [раббано] отино фи-д-дунё ҳасанатаN ва фи-л-оҳирати ҳасанатаN 2 ҳасанаи дунё илму ибодат аст ва ҳасанаи охират биҳишт».

Ва ҳакимеро пурсиданд, ки кадом чиз захира кунем? Гуфт: «Чизҳоеро, ки чун киштӣ ғарқ шавад бо шумо ошно3 кунад, яъне илм». Ва ба ғарқ шудани киштӣ мурдани тан хостаст.

Ва яке аз эшон гуфт: «Ҳар кӣ худро аз ҳикмат лагоме созад, мардумон ба вай иқтидо кунанд ва ҳар кӣ ба ҳикмат шинохта шавад, чашмҳо дар вай ба виқор нигарад».

Ва Шофеъӣ гуфт - разия-л-Лоҳу анҳу: «Яке аз шарафи илм он ки ҳар киро бад-он нисбат кунанд - агарчи дар чизе ҳақир бошад - шод гардад ва ҳар киро аз он дафъ кунанд, андӯҳгин шавад».

Ва Умари Хаттоб – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфт: «Айю-ҳа-н-носу алайкум би-л-илми, фаинна ли-л-Лоҳи ридоа маҳаббатин, фаман талаба бобан мина-л-илми радоҳу-л-Лоҳу биридоихи, фаин азнаба занбан истаътабаҳу (салоса маррот) лиалло яслубаҳу ридоаҳу золика ва ин татовала биҳи золика-з-занбу ҳатто ямут». Ай, эй мардумон, дар тааллум ҷидд намоед, ки (14) Борӣ таъолоро ридои дӯстӣ аст, ки ҳар кӣ

1 Ҳасани Басрӣ; ҳар ҷо Ҳасан танҳо омада, мурод Ҳасани Басрӣ аст.
2 Бақара, 2:201.
3 Ошно – шино.

пешина
аз 567
навбатӣ