Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
дар ҳадиси дигар гуфтааст: «Хайру-л-ибодати аҳаффуҳо».
Қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «Фазлу-л-мӯъмини-л-олими ала-л-мӯъмини-л-обиди сабъуна дараҷатан».
Қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «Иннакум асбаҳтум фӣ замонин касирун фуқаҳоуҳу, қалилун хутабоуҳу, қалилун соилуҳу, касирун муътуҳу, ал-амалу фиҳӣ хайрун мина-л-илм. Ва саяътӣ ала-н-носи замонун қалилун фуқаҳоуҳу, касирун хутабоуҳу, қалилун муътуҳу, касирун соилуҳу, ал-илму фиҳӣ хайру-м-мина-л-амал». Ай, шумо дар рӯзгоре омадед, ки донандагон дар он бисёранд ва гӯяндагон андак, ва хоҳандагон андак ва бахшандагон бисёр, амал дар он беҳ аз илм аст. Ва ба зудӣ рӯзгоре хоҳад омад, ки дар он донандагон андак хоҳанд буд ва гӯяндагон бисёр ва бахшандагон андак ва хоҳандагон бисёр, илм дар ӯ беҳ аз амал хоҳад буд.
Ва қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «Байна-л-олими ва-л-обиди миату дараҷатин, байна кулли дараҷатайни ҳузру-л-ҷаводи-л-музамирри сабъина санатан». Ай, миёни олим ва обид сад дараҷа аст, ки миёни ҳар ду дараҷа чандоне бошад, ки масофати таки асб бар он бувад дар ҳафтод сол. Ва аз вай пурсиданд, ки кадом амал фозилтар? Фармуд: «ал-Илму би-л-Лоҳӣ». Гуфтанд: Мо амалро мехоҳем, боз фармуд: «ал-Илму би-л-Лоҳӣ». Мо аз амал мепурсем, Шумо аз илм ҷавоб мефармоед. (Фармуд): «Инна қалила-л-амали янфаъу маъа-л-илми ва инна касира-л-амали ло янфаъу маъа-л-ҷаҳли». Ай, илм бо амал агарчи андак бошад манфиат кунад ва амал бо ҷаҳл агар бисёр бувад суд надорад.
Ва қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «Ябъасу-л-Лоҳу-л-ибода явма-л-қиёмати, сумма ябъасу [12] ал-уламоа, сумма якулу ё маъшара-л-уламои ини лам азаъ илмӣ фикум илло ли илмӣ бикум ва лам азаъ илмӣ фикум лиуаззибакум, изҳабу фақад ғафарту лакум». Ай, Ҳаққ таъоло рӯзи қиёмат банда-
1 Ба қаринаи иборати арабӣ «амали андак бо илм» дуруст менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё